Ташкили участкаҳои интихоботӣ дар давлатҳои хориҷӣ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи ташкил кардани участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷиро ба тавсиб расонд.
Дар ин қарор омадааст: Мутобиқи моддаҳои 12 ва 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шаванд:
1. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия (шаҳри Вена);
2. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб (шаҳри Абу Забӣ);
3. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (шаҳри Кобул);
4. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус (шаҳри Минск);
5. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия (шаҳри Бруссел);
6. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (шаҳри Лондон);
7. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳри Остона);
8. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар (шаҳри Давҳа);
9. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон (шаҳри Бишкек);
10. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт (шаҳри Ал Кувайт);
11. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб (шаҳри Қоҳира);
12. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон (шаҳри Боку);
13. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон (шаҳри Берлин);
14. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон (шаҳри Исломобод);
15. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия (шаҳри Маскав);
16. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (шаҳри Риёз);
17. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия (шаҳри Анқара);
18. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон (шаҳри Ашқобод);
19. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина (шаҳри Киев);
20. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (шаҳри Тошкент);
21. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса (шаҳри Париж);
22. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой (шаҳри Пекин);
23. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон (шаҳри Деҳлӣ);
24. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария (шаҳри Женева);
25. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка (Вашингтон);
26. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (шаҳри Теҳрон);
27. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония (шаҳри Токио);
28. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон);
29. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб);
30. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул (Ҷумҳурии Туркия);
31. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург (Федератсияи Русия);
32. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа (Федератсияи Русия);
33. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон);
34. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон);
35. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон).
АМИТ «Ховар»