Боздид аз Осорхонаи Ватикан
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ватикан маҷмӯи осорхонаҳоест, ки дар қаламрави давлати Ватикан ҷойгир аст.
Маҷмаи осорхонаҳо аз ҷониби попҳо бунёд шуда, асарҳои бадеии ҳунармандони гузашта, аз ҷумла асарҳои давраи Ренессансро дар бар мегиранд.
Таърихи таъсисёбии Осорхонаи Ватикан аз соли 1506 оғоз ёфта, соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори Осорхонаҳо Папа Юлий II мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар як сол 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз ин осорхонаҳо боздид намуда, бо таъриху фарҳанги давраҳои гуногуни Ватикан шинос мешаванд.
Осорхонаи Ватикан аз 54 галерея ё толор иборат буда, калисои Систин охирини онҳост.
Баъди тамошои Осорхонаи Ватикан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.