Дар Ҷопон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинӣ бо иштироки шаҳрвандони муқими кишвари иқомат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардидааст ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҷумҳурӣ идома доранд.
Дар ҷамъомад инчунин аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон ёдовар гардида, ҳамватанон даъват шуданд, ки ба донишомӯзӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги ғании мамлакатамон дар хориҷа таваҷҷуҳи бештар диҳанд.