Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Остона иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Инчунин дар Остона ҷаласаи Кумитаи сегона (Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон) баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода иштирок намуданд.
27 июн барои сохтмони қароргоҳи нави Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона санги асос гузошта шуд.