Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бо ноибони президентҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ мулоқот доир гардид

1 июл дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани, ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова ва ҳайати ҳамроҳ баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи татбиқи саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуда, оид ба ҷалби маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат изҳори назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор мегардад.

Мавриди ёдоварист, ки дар машваратҳои Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили муҳимми аҳамияти ҷаҳонидошта мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.