ВОКУНИШ ба маводи хабаргузории «Азия-Плюс»

ВОКУНИШ

ба маводи хабаргузории «Азия-Плюс» бо сарлавҳаи «Нуриддин Саид: “Барномаҳои танқидӣ ҳаст ва ҳатто телевизиони “Сайёҳӣ...”-ро ҳам огоҳ кардем, ки интиқод кунад”»

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба маводи нашр намудаи хабаргузории “Азия-Плюс” чунин вокуниш менамояд:

Тазаккур додан ба маврид аст, ки яке аз вазифаҳои асосии ВАО инъикоси холисона ва воқеъбинонаи рӯйдоду ҳодисаҳои муҳими ҷамъиятист. Вале мутаассифона, баъзе расонаҳо бе факту далели қонеъкунанда ба бадномсозии ин ё он шахс ё ниҳоди давлатӣ мепардозанд, ки ин омил боиси нигаронӣ аст. 

Мутобиқи Нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 22-юми июли соли 2024 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ зиёда аз 30 нафар журналист аз расонаҳои давлатӣ ва мустақил иштирок намуданд. Хабаргузории «Азия-Плюс»-ро дар ин нишаст Муҳаммадназар Наҷмиддинов намояндагӣ мекард. Саволи аввалинро ӯ пешниҳод намуд, ки он вобаста ба муроҷиати шаҳвардон оид ба кушодани телевизион ва радиоҳои хусусӣ буд. Ба суоли мазкур аз рӯйи тобеият Сардори бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ Тоҷиддин Каримзода посух дод. Аз хондани суол аз рӯйи телефони мобилӣ бармеомад, ки журналист беомодагӣ ба нишасти матбуотӣ омадааст. Посухи Тоҷиддин Каримзода низ ӯро пурра қонеъ намуд. Аммо пас аз нишасти матбуотӣ намояндаи “Азия Плюс” ба котиби матбуотӣ ва чанд корманди дигари Кумита тамос гирифта, таъкид мекард, ки посухи ба ӯ дода нопурра буд.  

Мутаассифона, баъд аз чанд соат ӯ мавод вобаста ба набудани барномаҳои интиқодӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон навишта дар сомонаи расмии  хабаргузории «Азия-Плюс» ва саҳифаи “Ахбор барои афкор” дар шабакаи иҷтимоии фейсбук (Facebook)  нашр намуд. Аз нашри ин маввод маълум гардид, ки мақсади аслии иштироки намояндаи “Азия Плюс” дар нишасти матбуотӣ инъикоси воқеъбинонаи нишасти матбуотӣ набуда, бо ҳадафҳои ба худи муаллиф маълум омада, матлаби мазкурро нашр намудааст.

Намояндаи “Азия-Плюс” дар матлаби худ менависад “Иддаои раиси Кумита дар мавриди таҳияву пахши барномаҳои танқидӣ дар ҳолест, ки мунтақидон аз набудани чунин барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ интиқод карда, мегӯянд, телевизионҳои кишвар бештар ба пахши барномаҳои расмиву қолабӣ ва таърифу тавсиф машғуланд ва аз баррасии мавзуъҳои муҳим канорагирӣ мекунанд”. Ин банди матлаби муаллиф пурра бадномсозист, зеро дар он факт ҷой надорад. Журналист умумигӯйӣ намуда, набудани барномаҳои танқидиро аз номи “мунтақидон” менависад, дар ҳоле ки номи ягон коршинос ё мутахассисони соҳаро намеорад. Ин ҷо суоле бармеояд, ки кадом “мунтақид”, кай ва дар куҷо чунин гуфтааст?

Илова бар ин раиси Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ иддао накардааст, ки телевизионҳои давлатӣ пур аз барномаҳои танқидист, балки ӯ танҳо таъкид намуд, ки мо таҳияи барномаҳи танқидиро дар тамоми шабакаҳо ба роҳ мондаем ва дар сурати ислоҳи камбудиҳо вокунишҳоро низ нашр месозем.

Матлаби навиштаи “Азия-Плюс” ғайрикасбӣ ва бетаҳлил аст. Барои навиштани матлаби холисона ва воқеъбинона оид ба ин мавзуъ журналист ҳадди ақал як ҳафта бояд барномаҳои телевизиониро пайгирӣ менамуд, зеро шумораи барномаҳои таҳлилӣ-танқидӣ дар телевизионҳои давлатӣ кам нестанд.

Аз ҷумла, бо мақсади инъикоси ҳолати воқеӣ ва таҳлилу баррасии фаъолияти шаҳру ноҳияҳои мамлакат танҳо давоми шашмоҳи соли ҷорӣ беш аз 100 гузориши муфассали таҳлилӣ-танқидӣ тавассути барномаи иттилоотии “Ахбор”-и “Телевизиони Тоҷикистон” манзури тамошобинон гардонида шуд. Аз ҷумла:

  • Болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии пойтахт. 08-04-2024.
  • Шаҳри Ҳисор-сифати пасти хизматрасонии тиббӣ ва фаъолият накардани марказҳои саломатӣ. 06-06-2024
  • Нақлиёти гаронвазн ва беболопӯш оид ба вайронсозии роҳҳо. 26.01.2024
  • Сурудҳои бемазмун ва бемасъулиятии Вазорати фарҳанг. 14.02.2024
  • Норасоии Муассисаҳои томактабӣ ва иҷро нагардидани нақшаи бунёди онҳо. 6.03.2024
  • Риояи нашудани талаботи қонунгузориҳо аз ҷониби ронандагон ва истифодаи сиёҳшиша бе иҷозат. 27.04.2024
  • Ҳолати воқеии роҳҳои маҳаллии н. Рӯдакӣ. 07-06-2024
  • Ҳолати воқеии Бозори шаҳри Панҷакент.
  • Гузориш оид ба ҳолати ногувори партовгоҳи калон дар ноҳияи Рўдакӣ. Санаи пахш 26.01.2024
  • Кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат. Санаи пахш  06.03.2024

Дар нимсолаи якуми соли равон тавассути Радиои “Тоҷикистон” ва шабакаҳои он гузоришҳои таҳлилӣ-танқидӣ вобаста ба ҳолати ногувори китобхонаҳо ва кам будани китоб дар китобхонаҳои шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Тоҷикобод, Шаҳринав, Ванҷ ва Дарвоз, набудани мактаб, роҳу об дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, вазъи ногувори партовгоҳҳо дар ноҳияҳои пойтахт, шиору овезаҳои куҳнашуда ва пур аз ғалат дар ноҳияи Қубодиён, хушкшавии дарахтон дар канори роҳҳои вилояти Суғд, вазъи ногувори бозори марказии ноҳияи Тоҷикобод, набудани устоҳои самти техникӣ дар ноҳияи Ванҷ, хушкшавии дарахтон дар ноҳияи Файзобод, набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва амсоли ин таҳия ва пахш шудааст.

Дар Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” вобаста ба ҳолати фарсудаи ҳисобкунакҳои шабакаҳои барқӣ ва фаъолияти ғайриқаноатбахши онҳо  дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода, вазъи ногувори роҳҳо дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Ваҳдат, инчунин дар бобати мактабҳои ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷ. Балхӣ гузоришҳои таҳлилӣ-танқидӣ  таҳия ва пахш шудааст.

Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” барномаи ҳафтаинаи "Дурбин"-ро дар жанри таҳлилӣ-танқидӣ таҳия ва пахш менамояд. Дар шашмоҳаи сипаригардида дар мавзуҳои вазъи кинотеатрҳои кишвар, норасоии драматургон ва сенариянависон ва норасоии филмҳои таърихӣ дар фазоии синамоии кишвар, таваҷҷуҳи ҷавонон ба театр ва намоишномаҳои театрӣ, кам будани филмҳои тасвирии тоҷикӣ, ҳамкории сусти Иттифоқи нависандагон бо ниҳодҳои филмофарӣ, камтаваҷҷуҳии синамогарон ба офаридани филмҳои таърихӣ ва таҳия нагардидани силсилафилҳо таҳия ва пахш гардид.

Дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2024 Муассисаи давлатии  телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як қатор намоишу гузориш ва дигар маводи телевизиониро вобаста ба формати шабака омода ва пахш кард, ки муҳимтаринашон инҳоянд:

Аз ҷониби ҳайати эҷодии Раёсати сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва шӯъбаи милитсияи сайёҳии ВКД 6 барномаи таҳлилӣ - танқидии "Бозрас" таҳия карда шуд. Дар ин барномаҳо вазъи экологӣ, санитарию эпидемиологӣ, шароит дар иншооти хизматрасонӣ, хоса меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳолати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринав таҳлилу баррасӣ карда шуд. Чанде аз он намоишҳо дар саҳифаи Ютубии шабака ҷой дода шуданд:

-https://youtu.be/PfQbtcofcCw?si=yLmjyBuezkORPvV9;
-https://youtu.be/VdjrVRyjOHM?si=N23tWp1dcuxveGqL;
-https://youtu.be/VdjrVRyjOHM?si=N23tWp1dcuxveGqL
-https://youtu.be/ZEsvSxtgy5M?si=4bE9kozVau4WhLGO;

  • Дар нашрҳои барномаи "Раҳ ба раҳ" ҳолати ногувори иншооти хизматрасонии сарироҳӣ ва вазъи роҳҳо дар масири Панҷакент-Айнӣ ва Душанбе-Ромит наворбардорӣ ва намоиш дода шуд.
  • Дар барномаи “Диёр” бошад, баробари таҳлили вазъи иншооти сайёҳии шаҳри Кӯлоб ҳолати ногувори назди меҳмонхонаи “Хатлон” манзури бинандагон карда шуд.
  • Тавассути Раёсати барномаҳои иттилоотӣ ва бахши мухбирони минтақавӣ дар барномаи ҳамарӯзаи хабарӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ «Паём», «Вести» ва «News»  аз бад будани ҳолати роҳи мошигарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, имкони тамошои шабакаи  “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро надоштани баъзе деҳаҳои водии Зарафшон, ҳолати ногувору харобгаштаи “Маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ” дар ноҳия Айнӣ ва якҷо бо масъулини Муассисаи давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд  аз ҷараёни назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозор ва мағозаҳо гузориш омода ва пахш карда шуд;

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаш моҳи соли 2024 як қатор намоишу гузориш ва дигар маводи телевизиониро омода ва пахш кард, ки муҳимтаринашон инҳоянд:

- Гузориш дар бораи вазъи бади муассисаҳои фарҳангии шаҳри Левакант 20. 02. 24

- Гузориш дар бораи вазъи  муассисаҳои таълимӣ  ва китобхонаҳо дар н. Қубодиён 17. 04.20 24

- Гузориш дар бораи мушкилоти имрӯзаи китобхонаҳои марказию деҳотии ноҳияи Хуросон 18. 04. 2024

- Вокуниши масъулини муассисаҳои фарҳангӣ, алалхусус китобхонаҳои ш. Левакант 28 05.20 24

- Вокуниш. Ислоҳи камбудиҳо дар китобхонаҳои марказию деҳотии н. Хуросон 10. 06. 2024

- Вокуниш аз беҳтар гаштани вазъи доштаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон19. 07. 2024

Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон»  дар  шаш моҳи аввали соли 2024 сужаву гузоришҳои таҳлиливу танқидиро вобаста ба шароити носозгори муассисаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо, нарасидани ҷойҳои нишасти хонандагон, шароити ногувори муассиаҳои томактабӣ, норасоии китобҳои дарсӣ, набудани китобхонаҳои мактабӣ, электронӣ, аз ҷумла, дар МТМУ №3 ва 15 н. Муъминобод, муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус, мактабҳои мусиқии №1 ва 2-и ш. Кўлоб, кўдакистонҳои ноҳияи Кўшониён омода ва пахш намуд. Доир ба фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ низ  гузоришҳои муфассал таҳия карда шудааст.

Дар телевизиони Хатлон оид ба ҳолати роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вазъи ногувори экологӣ дар шаҳри Кӯлоб, хушкшавии ниҳолҳо дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ва ташкили худсаронаи нуқтаҳои савдои сарироҳӣ дар ин масир, риояи маданияти шаҳрдорӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳо дар шаҳри Бохтар, корношоям гардидани шиору овезаҳо дар ноҳияи Қубодиён, таъмирталаб  будани иншооти варзишӣ дар ноҳияи Хуросон, саривақт тоза накардани партовгоҳҳо дар ноҳияи Панҷ ва корношоям гардидани пули роҳи автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон дар барномаи  “Ахбор” гузоришҳои таҳилию танқидӣ таҳия ва пешниҳод карда шуд.

Аз рўйи фактҳои дар боло зикршуда, муайян мешавад, ки дар шабакаҳои телевизион ва радио барнома ва гузоришҳои таҳлилӣ-танқидӣ пайваста таҳия ва нашр мешаванд. Аз ин рў аз намояндагони ВАО хоҳиш карда мешавад, ки дар таҳияи матлабҳои худ аз факту далел истифода бурда, матлабҳои холисона ва воқеъбинона нашр намоянд.

 

 

Шоҳҷаҳон ҚУРБОНОВ,

котиби матбуоти Кумита