Роҳбарони хадамоти бойгонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуданд

Иштирокдорони ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд. Дар ин хусус сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Барои роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сайри осорхонавӣ ташкил гардид. Меҳмонон зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Меҳмонон аз истиқболи самимӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навиштанд.