Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд
29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 33-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон, кишоварзон ва соҳибкоронро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва талошҳои мардум баҳри пешрафти соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёту сохтмон ва кишоварзӣ андешаронӣ карда, бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарфарози мо дар оянда низ саъю талоши худро ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоишу оромии ҳар як хонадон дучанд хоҳанд кард.
Баъди суханронии Сарвари давлат як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, кормандони касбу кори гуногун бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми кормандони дипломатӣ, аз ҷумла сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои олам дар роҳи таҳкиму густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷ махсус таъкид намуданд.
Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳо буд, ки имрӯз 4 нафар кормандони дипломатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ дар ин маросим бештар аз 200 нафар аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Як нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 4 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 18 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 112 кас бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 6 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.
Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 2 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қадр карда шуданд.
Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2024 як нафар барандаи ин ҷоизаи давлатӣ гардид.
Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои беҳтар гардидани шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои зикршуда то имрӯз ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Таъсис гардидани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии Ҳукумати кишвар мебошад. Ин навбат дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид.
Ёдовар мешавем, ки 18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад.
Ин аст, ки дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2024 15 нафар соҳиби ин ҷоиза шуданд.
Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2024 7 нафар барандагони ҷоиза дар соҳаи маориф гардиданд.
Мақсад аз сарфарозгардонӣ бо ҷоизаҳои зикршуда дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандгардонии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти босамари эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили усули таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён нигаронида шудааст.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбари давлат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд.