Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Мактаби ронандагии муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаро ба истифода доданд
11 сентябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод идома ёфт.
Сарвари давлат бинои мактаби ронандагии Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаро мавриди баҳрабдорӣ қарор доданд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти номбурда дар масоҳати 0,63 га бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз ёфта буд ва фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи обии “Роғун” мебошад.
Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои ҳуҷраҳои гуногуни таълими низомӣ ва ғайринизомӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхона ва ҳуҷраи машқи тирпаронӣ бо истифода аз технологияи муосири лазерӣ мебошад.
Самти асосии фаъолияти мактаби мазкур ин омода намудани ронандагон ва ошпазон барои Қувваҳҳои мусаллаҳ равона буда, раванди таълим аз рӯйи нақшаи ҳарбикунонидашуда сурат мегирад.
Ҳамчунин дар муассиса ҷиҳати омода намудани ронангадон дар дараҷаҳои гуногун аҳолии минтақаи Рашт низ мувофиқи хоҳиши худ метавонанд ҷалб шаванд.
Раванди таълим бо истифода аз нақлиёти сабукрав, боркаш, дастгоҳи махсуси бо компютер муҷаҳҳаз ва аёниятҳои дигар сурат мегирад.
Дар маҷмуъ дар раванди омӯзиш дар мактаби мазкур нақлиёти дигар низ аз қабили мототсикл, квадросикл ва нақлиёти обӣ истифода мешавад.
Мактаби автомобилии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа барои омода намудани ронандагон метавонад хоҳишмандони минтақаи Раштро ба таҳсил фаро бигирад.
Дар бинои мазкур ҳамчунин Кумитаи ноҳиявии ташкилоти мададгори мудофиаи ноҳияи Нуробод ҷойгир аст.
Фаъолияти ташкилоти мазкур ба кор бо ҷавонон, аз ҷумла ба гузаронидани дарсҳои кушод дар муассисаҳои таълимӣ, омодагии дифоии ҳарбӣ, сафороӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани яроқи оташфишон, тирпаронӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, техникӣ ва омӯзиши техникаи бехатарӣ равона гардидааст.
Дар муассиса мувофиқи талаботи раванди таълим то 15 нафар корманд ҷалб мешаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омӯзгорон дар раванди таълим серталаб бошанд.
Ифтитоҳи иншооти мазкур, ки барои ҷомеа зарур дониста мешавад, туҳфаи арзанда ба истиқболи Истиқлоли давлатӣ мебошад.