Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқот намуданд

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Дар ибтидои вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Лахш ва ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми мо рӯзи воқеан таърихиву тақдирсоз ва ҷашни муқаддасу бузург ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои заҳмати содиқона ба хотири пешрафти Ватан, инчунин, истиқболи самимӣ арзи сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Ватани азизамон пайваста рушду тараққӣ карда, дар натиҷаи ғамхориву таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Лахш ба таври бесобиқа ободу зебо гардида истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1,7 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Аз ҷумла ҷиҳати пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 425 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардидааст.

Зикр карда шуд, ки тайи 33 соли сипаришуда барои сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани мактабҳо, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бунёду таҷдиди роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 14 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 15 соли охир ҷудо кардани 172 гектар замини наздиҳавлигиро барои сокинон барои беҳтар кардани шароити зиндагиашон ғамхории махсуси Ҳукумат арзёбӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки аз 114 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия Лахш барои солҳои 2021 — 2025, ки барои беҳсозии шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст, танҳо 66 лоиҳа ба маблағи 48 миллион сомонӣ ё 30 фоиз амалӣ гардидааст.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорату идораҳои марбута аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки корро дар самти ҷалби бештари сармоя тақвият бахшида, доир ба татбиқи барномаи зикршуда ва лоиҳаҳои нақшавӣ чораҳои муассир андешанд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду таҷдиди 124 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 45 иншоот ё 36 фоизи нақша ба анҷом расонида шудааст.

Картошкапарварӣ ва боғдорӣ аз самтҳои афзалиятнок ва даромадноки ноҳия ба ҳисоб рафта, манбаи таъмини бозори истеъмолии кишвар бо картошка ва меваи аз лиҳози экологӣ тоза, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад.

Дар ин робита Президенти кишвар ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳа супориш доданд, ки доир ба рушди ин бахшҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Зикр гардид, ки имрӯз дар ноҳия ҳамагӣ 8 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки аз он 3 корхона дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таъсис ёфтааст.

Ба андешаи Сарвари давлат ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Бо назардошти захираву имкониятҳои бузурги ноҳия зарур шумурда шуд, ки роҳбарияти ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдор доир ба бартараф кардани камбудиҳои зикршуда тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати маориф ва илм аз Президенти кишвар дастур гирифтанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маорифи ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун суханронӣ намуда, ба суоли дархост ва пешниҳодҳои худ посухҳои мушаххаст гирифтанд.