Конфронси байналмилалии парлумонӣ дар Душанбе ба кор оғоз намуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии парлумонӣ ба кор оғоз намуд.

Қабл аз оғози конфронс аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои Беларус, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон ва Русия дар пояи Муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд.

Конфронс бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони парламентҳои беш аз 11 кишвари ҷаҳон баргузор мегардад.

Тибқи барнома, кори конфронс дар 4 бахш дар толорҳои гуногуни бинои нави Парлумони Тоҷикистон доир мешавад.

Дар бахшҳо мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», Конститутсия-заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» баррасӣ мешаванд. Ҳамзамон дар бахшҳо суханронии аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони мақомоти судӣ, Ҳукумат ва ҳокимияти иҷроияи марказӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ ва ҳайатҳои парламентӣ дар назар дошта шудааст.