Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, ки барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самтҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон аз афзалияти калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи робитаҳои қавии дӯстии мардумон ва муколамаи мунтазами Сарони давлатҳо тавсеа меёбанд.
Ҷонибҳо аз рушди устувори ҳамкории байнипарламентии палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот маҳсуб шуда, ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъи имрӯзаи суботи минтақа ва ҷаҳон табодули андеша карданд.