Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
Аз 15 то 18 октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуда, дар доираи он мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳамтои худ аз Давлати Қатар пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ, дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии Давлати Қатар ташкил мегардад. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои канории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар шаҳри Норак низ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин ҳайати расмӣ ва ҳунарии Давлати Қатар барои аз наздик шинос шудан бо таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик ва табиати зебои Тоҷикистон ба тамошои Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маҷмааи «Истиқлол» ва мавзеъҳои зебоманзари дараи Варзобу шаҳри Норак мераванд.
Мавриди тазаккур аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун мамлакатҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд. Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду давлати дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, аз ҷониби ширкатҳои гуногуни телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рўзномаи «Ал Ватан»-и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намуд.