Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивали зарбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал ва Иди себу ангур баргузор мегардад

20 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивали зарбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонон аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашни Меҳргон аст, ба намоиш мегузоранд.

Ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, ҳунармандони  мардумӣ маҳсули дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Инчунин дар ин идгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.