Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии зидди терроризм дар Кувайт иштирок ва суханронӣ намуданд

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки конфронси имрӯза ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар хоҳад бахшид.

“Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мусоидат менамояд”- изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори “Раванди Душанбе” бори дигар уҳдадориҳои худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ тасдиқ мекунад.

Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронси сатҳи баланди байналмилалиро ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуданд.

Зарур шумурда шуд, ки масъулону коршиносон ин мавзӯъро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Президенти кишвари мо таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон, зарурати роҳандозии иқдомҳои хосса ба миён омадааст.

Роҳбари давлати мо нақши бозомӯзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникиро басо муассир номиданд.

Таъкид шуд, ки вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.

Вобаста ба ин, зарур шумурда шуд, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳои кишварҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият дода шавад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ таъкид намуданд. Зарур дониста шуд, ки раванди музокирот дар ин хусус ҳарчи зудтар ба итмом расонда шавад.

Дар робита ба таҳкими иқтидори таъмини амнияти сарҳади давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки “кишвари мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад”.

Таъкид гардид, ки кишвари мо иштирокдори фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2021-2025 татбиқ карда истодааст.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар доираи амалисозии ин стратегия, Ҳукумати Тоҷикистон дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешравӣ ноил гардидааст.

Президенти кишвар мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо номида, аз пешниҳоди худ дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати қабули қатъномаи махсус оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори имтинон намуданд, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷмъонаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.