Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд
4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин ҷараёни кори конфронси зикргардида баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амну субот, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзии вобаста ба ин зуҳурот зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои мазкур изҳор доштанд.
Оид ба дигар мавзуъҳои вобаста ба таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ табодули андеша сурат гирифт.