Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.
14 декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Рустами Эмомалӣ то соли 2028 ба вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи мамлакат интихоб шуданд.
Илова бар ин, дар конгресс ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовин инчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷаҳон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев дохил гардиданд.
Дар Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2023, буҷаи созмон барои соли 2025, гузориши аудитори мустақил дар бораи фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи мамлакат дар соли 2023 ба тасвиб расид. Инчунин аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои солҳои 2025-2026 таъйин карда шуд.
Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё иштирок намуданд.