Барои васоити ахбори омма
Нашр шуд. Пан, 09/07/2015 - 10:50
Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар нимсолаи аввали соли 2015 дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардидааст.
Инъикоси чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва суханронии Сарвари Давлат дар ҷаласаи Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиёни кишвар, тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз дар вилояти Суғд ва ифтитоҳи иншоотҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ сурат гирифт.
Барои инъикоси васеъ ва саривақтии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” 2005-2015 ҳамаи хабарнигорону муҳаррирони шабакаҳои давлатии телевизион ва радио ҷалб карда шуда, чорабиниҳои дар ҳошияи конфронси об баргузоршуда - Форуми кўдакон оид ба обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена, Форуми об оид ба занон, Форуми об оид ба кишварҳои куҳӣ, Форуми об оид ба кишварҳои кам рушдкарда ва давлатҳои хурди ҷазиравии рў ба инкишоф, маросими ифтитоҳ ва ҷаласаҳои пленарӣ ва андешаҳои иштирокчиёни конфронс дар мавриди баргузории ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар сатҳи зарурӣ инъикос гардиданд.
Ҳамчунин, дар ин давра шабакаҳои давлатии телевизион ва радио инъикоси рӯйдодҳои муҳимро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ тақвият бахшида, мавзуъҳои омўзиши васеъ, инъикоси чорабиниҳои вобаста ба «Соли оила» эълон гардидани соли 2015, дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва фарҳангӣ доир намудани ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, 3000-солагии Ҳисор, 700 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кўлоб, ҳамчун пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Кўлоб, 70-солагии Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон, 18-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи «Шашмақом», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2015», Фестивали дўстии ҷавонон таҳти унвони «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» дар маркази таваҷҷуҳи кормандони эҷодии шабакаҳои давлатии телевизион ва радио қарор доштанд.
Телевизионҳои тоҷикро имрўз ба таври онлайн тариқи интернет ва дар қитъаи Авруосиё (дар 37 давлати дунё) тавссути моҳвора тамошо карда метавонанд. Аз ибтидои сол ҷадвали барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бо 27 барномаву лоиҳаҳои нави эҷодӣ пурра гардид. Мазмуну мундариҷа ва давомнокии барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон тағйир ёфта, дар онҳо асосан ба инъикоси ҷараёни ободкорию созандагӣ, рафти иҷрои барнома ва стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт диққат дода шуд. Дар ин давра танҳо аз идораи барномаҳои иттилоотӣ 46 гузоришу сужетҳои танқидӣ пахш шуданд, ки ҳамагӣ ба 12-тои онҳо аз идораву мусассаҳои дахлдор вокуниш ворид шудааст. Ин маводҳо дар бораи вазъи бади муҳити зист, аз кор мондани корхонаҳои ба тозагӣ ифтитоҳшуда ва масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нақл намуданд.
Аз идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар тўли шаш моҳи охир ба ҷуз барномаҳои анъанавии “Муд”, “Адиб ва ҷомеа”, “Кошона”, “Самт” лоиҳаҳои нави эҷодӣ - “Парвози шоҳин”, “Санъати сухан”, “Этикет”, “Имшаб” омода шуданд, ки шаклу услуби тоза доранд. Инчунин, аз идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ ба ҷуз барномаҳои пешинаи “Бозтоби андеша”, “Шарҳи футбол”, “Пайки олимпӣ” лоиҳаҳои нави “Ҷасорат”, “Роҳи шаб”, “Тамошо” манзур шуданд, ки масъалаҳои асосии идора - сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ ва рўйдодҳои варзиширо пурра фаро мегиранд.
То ин муддат дар сомонаи Шабака дар ҳаҷми 3526 (се ҳазору панҷсаду бисту шаш) дақиқа барномаҳои видеоии дар эфири Шабака пахшшуда ҷойгир карда шудааст. Сомона доираи муайяни тамошобин ва хонандаро ҷалб намуда, теъдоди мушоҳидаи барномаҳои дар сомона буда назаррас аст. Ҳамчунин, то имрўз зиёда аз 2000 (ду ҳазор) мавод дар сомона гузошта шудааст.
Моҳи марти соли ҷорӣ Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» аз ҷониби ширкати байналмилалии «Би-Ай-Ди-Бизнес Инишиатив Дайрекшинз» сазовор гардид.
Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - «Баҳористон» имсол маротибаи шашум озмуни ҳарсолаи телевизионии ҷумҳуриявии овозхонони наврас «Овози тиллоӣ»-ро гузаронид. Дар ин озмун 2163 нафар иштирок карданд ва аз ин теъдод 7 нафарашон ғолиб ва 3 нафари дигар ба ҷоизаи интихоби доварон сазовор гардиданд. Дар шаш соли баргузории ин озмун 73 лауреати лоиҳа ба мардум муаррифӣ шуда, беш аз 20 нафарашон соҳиби имтиёзҳои махсус ҷиҳати дохил шудан ба мактабҳои олии соҳавӣ гардиданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таҷҳизотҳои пурқудрати пахши барномаҳои телевизионӣ 198618 соат кор кардаанд. Таваққуфҳои техникии таҷҳизотҳои пурқудрати пахши барномаҳои телевизион бо сабаби қатъ шудани қувваи барқ 18788 соатро ташкил кардааст. Таҷҳизотҳои камқудрати пахши барномаҳои телевизионӣ 3025583 соат кор кардаанд. Таваққуфҳои техникии таҷҳизотҳои камқудрати пахши барномаҳои телевизион бо сабаби қатъ шудани қувваи барқ 632911 соатро ташкил кардааст. Воситаҳои техникии пахши барномаҳои радиошунавонӣ 291 752 соат кор кардаанд. Таваққуфҳои техникии таҷҳизотҳои пахши мавҷҳои радиошунавонӣ бо сабаби қатъ шудани қувваи барқ 32306 соатро ташкил намуд.
Тоҷикистон дар қатори 119 давлати ҷаҳон Созишномаи минтақавии “Женева-2006”-ро барои гузаштан ба пахши телевизиони рақамӣ имзо карда буд. Айни замон ҶСК “Телерадиоком” давраи 4-уми Барномаро гузаштан ба пахши телевизиони рақамӣ иҷро намуда истодааст. Тибқи Барномаи давлатӣ давраи чорум бояд дар соли 2013 пурра иҷро мешуд. Аммо бо сабаби саривақт ҷудо нашудани маблағҳои дар Барнома пешбинишуда иҷроиши ин давра ба таъхир афтод.
Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон” ва Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” то 01.07.2015 ҳар кадом ҳудуди 54,14 фоизро ташкил медиҳанд. То ин давра фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши аналогии барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон 99,72%, Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” 92,7%, Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон” 88,99% ва Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” 78,96% мебошад.
Фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавҷи ҒМ: барномаҳои шабакаҳои Радиои “Тоҷикистон” 85,3%, “Овози тоҷик” 55,13%, “Садои Душанбе” 63,45%, “Фарҳанг” 59%.
Бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавон ва коромўз, омода намудани кадрҳои соҳа Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории чор филми кўтоҳро бо иштироки шунавондагони курси «Сенаристони ҷавон» (роҳбар Абдурофеъ Рабиев) ва курси режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (роҳбар Юнус Юсупов) ба нақша гирифта буд, ки аз онҳо аллакай се филми кўтоҳ - «Эълон», «Хобидан мехоҳам» ва «Умари Хайём» наворбардорӣ, таҳия ва танзим карда шуданд.
Ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 Киностудияи «Тоҷикфилм» таҳияи филми мустанади «Рози тавлид»-ро дар коргардонии Робия Атоева пурра ба анҷом расонид. Дар коргоҳи аниматсионӣ бошад, таҳияи филми «Ҳамсояҳо» (дар 3 қисм) дар шакли 3D ба анҷом расонида шуд. Наворбардории филми ҳунарии «Садбарг» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба анҷом расида, давраи танзими он оғоз гардидааст.
Дар Кумита ва сохторҳои тобеи он 2923 корманд фаъолият мекунанд, ки аз ин 2081 нафар мард ва 842 нафар зан мебошанд. Сину соли миёнаи кормандон то 40 сола буда, 1564 нафарро ташкил медиҳад.
Кумита барои дарёфти чеҳраҳои нав, соҳибистеъдод ва кадрҳои баланихтисосу болаёқат дар шабакаҳои давлатии телевизион, радио ва дастаҳои ҳунарӣ озмун эълон намуд. Таърихи баргузории озмун 21-24 июли соли 2015. Барои ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», «Дарё», «Ориё» ва «Гулрез» бошад аз 28 то 31 июли соли 2015 муайян шудааст.
Кумита дар фаъолияти минбаъдааш камбудиҳои ҷузъиро бартараф намуда, кори худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, бо риояи тавозуни барномаҳо дар шабакаҳои давлатии телевизион ва Радиои Тоҷикистон намоишу гуфторҳои наву ҷолиб пешниҳод хоҳад намуд.