Дар Кумита нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гашт.
Раиси Кумита Пирзода Маҳмадсаид дар сухани ифтитоҳии худ иброз дошт, ки фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар нимсолаи аввали соли 2015 дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардидааст.
Ҳамчунин, таъкид намуд, ки инъикоси чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва суханронии Сарвари Давлат дар ҷаласаи Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиёни кишвар, тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз дар вилояти Суғд, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” 2005-2015, чорабиниҳои дар ҳошияи конфронси об баргузоршуда - Форуми кўдакон оид ба обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена, Форуми об оид ба занон, Форуми об оид ба кишварҳои куҳӣ, Форуми об оид ба кишварҳои кам рушдкарда ва давлатҳои хурди ҷазиравии рў ба инкишоф, маросими ифтитоҳ ва ҷаласаҳои пленарӣ ва андешаҳои иштирокчиёни конфронс дар мавриди баргузории ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ сурат гирифта, аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар сатҳи зарурӣ инъикос гардиданд.
«Дар ин давра шабакаҳои давлатии телевизион ва радио инъикоси рӯйдодҳои муҳимро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ тақвият бахшида, мавзуъҳои омўзиши васеъ, инъикоси чорабиниҳои вобаста ба «Соли оила» эълон гардидани соли 2015, дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва фарҳангӣ доир намудани ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, 3000-солагии Ҳисор, 700 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кўлоб, ҳамчун пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Кўлоб, 70-солагии Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон, 18-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи «Шашмақом», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2015», Фестивали дўстии ҷавонон таҳти унвони «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» дар маркази таваҷҷуҳи кормандони эҷодии шабакаҳои давлатии телевизион ва радио қарор доштанд» - иброз дошт ӯ.
Аз дастовардҳо ва пешравиҳо сухан ронда, таъкид намуд: «Имрўз телевизионҳои Тоҷикистонро ба таври онлайн тариқи интернет ва дар 37 давлати қитъаи Авруосиё тавссути моҳвора тамошо карда метавонанд».
Дар идома аз навоварӣ ва тағйирот дар шабакаҳои телевизионӣ хабар дода, гуфт: «Аз ибтидои сол ҷадвали барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бо 27 барномаву лоиҳаҳои нави эҷодӣ пурра гардид. Аз ҷумла, лоиҳаҳои нави эҷодӣ - “Парвози шоҳин”, “Санъати сухан”, “Этикет”, “Имшаб”, Ҷасорат”, “Роҳи шаб”, “Тамошо” омода шуданд, ки шаклу услуби тоза доранд. Ҳамчунин, дар ин давра танҳо аз идораи барномаҳои иттилоотӣ 46 гузоришу сужетҳои танқидӣ аз вазъи бади муҳити зист, аз кор мондани корхонаҳои ба тозагӣ ифтитоҳшуда,масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пахш шуданд, ки ҳамагӣ ба 12-тои онҳо аз идораву мусассаҳои дахлдор вокуниш ворид шудааст.
Моҳи марти соли ҷорӣ Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» аз ҷониби ширкати байналмилалии «Би-Ай-Ди-Бизнес Инишиатив Дайрекшинз» сазовор гардид.
Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон - «Баҳористон» имсол маротибаи шашум озмуни ҳарсолаи телевизионии ҷумҳуриявии овозхонони наврас «Овози тиллоӣ»-ро гузаронид. Дар ин озмун 2163 нафар иштирок карданд ва аз ин теъдод 7 нафарашон ғолиб ва 3 нафари дигар ба ҷоизаи интихоби доварон сазовор гардиданд».
Ҳамчунин, Раис Пирзода М. аз рушди ва пешрафти кинои тоҷик ибрози андеша намуда, ёдовар шуд, ки бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавон ва коромўз, омода намудани кадрҳои соҳа Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории чор филми кўтоҳро бо иштироки шунавондагони курси «Сенаристони ҷавон» ва курси режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба нақша гирифта буд, ки аз онҳо аллакай се филми кўтоҳ - «Эълон», «Хобидан мехоҳам» ва «Умари Хайём» наворбардорӣ, таҳия ва танзим карда шуданд.
а муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 Киностудияи «Тоҷикфилм» таҳияи филми мустанади «Рози тавлид»-ро дар коргардонии Робия Атоева пурра ба анҷом расонид. Дар коргоҳи аниматсионӣ бошад, таҳияи филми «Ҳамсояҳо» (дар 3 қисм) дар шакли 3D ба анҷом расонида шуд. Наворбардории филми ҳунарии «Садбарг» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба анҷом расида, давраи танзими он оғоз гардидааст.
Инчунин, дар нишаст аз баргузории озмун барои дарёфти чеҳраҳои нав, соҳибистеъдод ва кадрҳои баландихтисосу болаёқат дар шабакаҳои давлатии телевизион, радио ва дастаҳои ҳунарӣ сухан рафт.
Дар нишаст Раиси Кумита Пирзода Маҳмадсаид бо шумули муовинонаш ва дигар роҳбарони зерсохторҳои Кумита ба саволҳои рӯзноманигорону хабарнигорон посух гуфтанд.