Иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ
Нашр шуд. Ҷум, 10/07/2015 - 16:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Русия ва Владимир Путин барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Бо таваҷҷуҳ ба он, ки ин ҳамоиш дар соли таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ ҷараён дорад, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд: “Қаҳрамонии онҳое, ки барои Ғалабаи Бузург ҷони худро нисор намудаанд, моро ба ҳушёрию зиракӣ ва таҳкими ягонагӣ барои ҳифзи сулҳу осоиш ва таъмини рушди устувор водор месозад. Танҳо бо хулосабарорӣ аз сабақҳои гузашта мо метавонем, ояндаи худро ба таври самарабахш бунёд намоем”.
Ҳамчунин таъкид гардид: “Сулҳ бебаҳо аст. Вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СҲШ ва афзун гардондани саҳми худ дар таъмини осоиш дар сайёра аст”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як зумра пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошт, ки мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки “кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ гардад” ва пешниҳод карда шуд, ки “яке аз солҳои оянда “Соли ҷавонон” эълон шавад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ғояи бунёди “Камарбанди иқтисодӣ”-и Шоҳроҳи Абрешим пуштибонӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки “мо дар он имконоти зиёди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи СҲШ-ро мебинем” ва афзуд, ки “дар раванди рушди навовариҳо робитаҳои минтақавӣ ва соҳибкории хурду миёна метавонанд нақши локомотиви пешбарандаро бар уҳда дошта бошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон - Рашид Олимов ба мақоми Котиби генералии ин созмони бонуфуз изҳори қадрдонӣ карда, ба раёсати Федератсияи Русия дар созмон баҳои баланд дод ва ҳам изҳори бовар намуд, ки раёсати Узбекистон низ давоми як соли оянда муваффақу самарабахш хоҳад буд.