Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Робиндранат Тагор
Нашр шуд. Душ, 13/07/2015 - 15:41
Ҷаноби Олӣ Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон,
Дӯстони азиз,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Мо имрӯз барои пардабардорӣ аз муҷассамаи шахсияте гирди ҳам омадаем, ки бо ному осораш ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ шинос ҳастем. Робиндранат Тагор – шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ – аз зумраи он бузургонест, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд.
Робиндранат Тагор, ки табъи саршори шоириаш ҳанӯз дар ҳаштсолагиаш ба фаввора задан оғоз намудааст, бо фитрати баланд дарёфт, ки ба сарчашмаи андешаҳои зебо, ғановати забон ва фасоҳати калом, ки шукӯҳу азамати шеърро муайян мекунанд, танҳо бо зиндагӣ кардан дар миёни мардуми заҳматкаш метавон даст ёфт.
Ошноӣ бо зиндагии мардуми оддӣ пеши дидагони ӯ ҷаҳони наверо боз кард.
Ӯ дар ин ҷаҳони нав бо дардҳо, ранҷҳо, беадолатиҳову бемориҳо ошно шуд, ҳамзамон сарвати маънавии миллати бузурги Ҳиндро шинохт ва ба тасвири чеҳраи воқеии он пардохт. Ӯ пас аз ин беҳтарин осори худро ба вуҷуд овард, достонҳои ҳаяҷонангезе нигошт ва намоишномаҳои камназирро ба риштаи таҳрир кашид.
Лауреати мукофоти Нобелӣ Робиндранат Тагор ба ҳар кишваре мерафт, паёми сулҳ мебурд ва халқҳоро ба ҳамкории маънавӣ даъват мекард. Ӯро дар ҳамаи мамолик, чи ғарбиву ва чи шарқӣ, чун меҳмони азиз бо оғӯши боз пазироӣ мекарданд.
Адиби бузурги Ҳиндустон фақат шаш сол пеш аз ба истиқлол расидани кишвараш ҷаҳонро падруд гуфт. Аммо бе ҳеҷ шубҳа Тагор бо андешаҳои баландаш то ҳадди зиёде роҳро ба истиқлоли Ватанаш ҳамвору наздик карда буд.
Имрӯзҳо, ки кишвари дӯсту бародари Ҳиндустон ба таҷлили 68-умин солгарди истиқлоли давлатиаш омодагӣ мебинад, ба яке аз кишварҳои пештози иқтисоди ҷаҳонӣ табдил гаштааст.
Ин ҳама дастовардҳо барои он ба ин кишвари бостонӣ даст додааст, ки тафаккури миллии мардумашро нобиғагоне, монанди Робиндранат Тагор, ташаккул додаанд.
Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ӯ ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст.
Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад.
Бо ибрози табрику таҳният ба ҳамаи Шумо бо ин рӯйдоди фархунда изҳори итминон менамоям, ки рӯҳи Тагор дар таҳкиму тақвияти дӯстию ҳамдилии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон муҳофизу мададгори мо хоҳад буд.