Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Ҷум, 31/07/2015 - 10:55
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Сараввал ба тамоми мардуми заҳматкашу меҳмоннавози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ миннатдорӣ иброз намуда, ба хонадони ҳар як сокини вилоят иқболи нек, хонаи обод ва сарбаландиву шодмонӣ орзу менамоям.
Рӯзи чорум аст, ки мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо раванди иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда, барқарорсозии оқибатҳои офати табиии дар қаламрави вилоят рухдода, ҷараёни корҳои ободонӣ, фаъолияти соҳаҳои саноат, сохтмону кишоварзӣ, роҳсозӣ, маорифу тандурустӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун шинос шуда, бо сокинони ноҳияҳои алоҳида дидору гуфтугӯҳои самимона доир намудем.
Ҳангоми боздид аз шаҳру ноҳияҳо ва мулоқот бо сокинони онҳо итминон ҳосил кардам, ки солҳои охир ба шарофати таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаву созандаи сокинони сарбаланди вилоят ин гӯшаи баланкӯҳи ватанамон ба таври назаррас обод шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардидааст.
Барои чунин заҳмати ватандӯстона ба хотири обод сохтани сарзамини аҷдодиамон ба хурду бузурги вилоят изҳори сипос менамоям ва таъкид месозам, ки бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон ҳар яки моро зарур аст, ки бо иродаи қавӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии миллиамон минбаъд низ сарҷамъона фаъолият намоем.
Бовар дорам, ки танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем солҳои наздик сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем.
Сафари навбатии мо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рӯзҳое рост омад, ки бар асари якбора гарм шудани ҳаво ҳамчун натиҷаи гармшавии иқлими сайёра сатҳи оби дарёҳо хеле баланд шуда, ба ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, инчунин ноҳияи Рашт хисороти зиёди моддӣ расонид.
Аз ҷумла дар ноҳияи Шуғнон 68 манзили зисти сокинони Ҷамоати деҳоти Сучон, бисёр иншооти иҷтимоӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои мошингард, 4 адад пули пиёдагарду мошингузар пурра хароб гардида, 16 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шуд, заминҳои кишт ва ҳазорҳо бех дарахтони мевадиҳандаву сояафкан зарари ҷиддӣ диданд.
Умуман, дар ноҳияҳои зикршудаи вилоят манзили истиқоматии 149 оила, аз ҷумла 93 хона пурра ва 56 хона қисман хароб гардид.
Мутаассифона, бар асари ин фалокати табиӣ дар ноҳияи Ванҷ 6 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ба аҳли оилаи онҳо аз номи худам ва Ҳукумати мамлакат бори дигар ҳамдардии амиқ баён менамоям.
Мувофиқи ҳисоби мутахассисон зарари моддии ба ноҳияҳои вилоят, инчунин ноҳияи Рашт ва дигар мавзеъҳои кишвар расонидашуда беш аз 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, то ки иншооти харобгардида ва зиндагии муқаррарии мардум барқарор карда шавад.
Бо супориши Роҳбари давлат дар вилоят комиссияи давлатии барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, сокинони ноҳия бо бошишгоҳи муваққатӣ таъмин гардиданд ва ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматии нав дар ноҳияи Шуғнон аз мавзеи бехатар 22 гектар замин ҷудо гардида, ба оилаҳои осебдида тақсим карда дода шуд.
Ман дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон гуфтам ва бори дигар таъкид менамоям, ки мо мардуми зарардидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорем ва оқибатҳои офати табииро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин пурра бартараф мекунем.
Дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат, ки рӯзи 22-юми июл ҷиҳати баррасии ҳолати фавқулодаи бамиёномада доир гардид, ман ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор супориш додам, ки хонаҳои истиқоматии нав на дертар аз моҳи октябр бояд ба истифода супорида шаванд.
Ҳамчунин, таъкид месозам, ки оилаҳои зарардида ғайр аз манзили нави зист бо тамоми ашёву ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин карда мешаванд.
Имрӯзҳо ба сокинони зарардидаи вилоят аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида кумакҳои зиёд расида истодаанд, ки ман ин амали некро ҳамчун нишонаи возеҳи ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон арзёбӣ менамоям.
Ҳукумати кишвар пайваста азму талош дорад, ки бо татбиқи нақшаву барномаҳои рушд пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Бадахшон таъмин карда шавад.
Бо ин мақсад мо ба масъалаи маблағгузорӣ барои тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят аҳмияти махсус медиҳем.
Ҳамин аст, ки танҳо дар давоми се соли охир барои рушди вилоят беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ равона кардаем.
Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети вилоят ва пардохти нафақа зиёда аз 600 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашуда барои сохтмони иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ 223 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Хотирнишон месозам, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар қаламрави вилоят 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аз онҳо то ба ҳол татбиқи 17 лоиҳа дар ҳаҷми зиёда аз 820 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Илова бар ин, солҳои наздик дар вилоят татбиқи чандин лоиҳаҳои давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии қариб 315 миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва беҳтар намудани шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар давоми солҳои истиқлолият ба хотири ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 6 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Дар давраи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи умумии 800 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 1200 иншооти гуногун бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид, 540 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои беш аз 22 ҳазор нафар хонанда ва муассисаҳои тиббии дорои 530 ҷойи хоб ба истифода супорида шуданд.
Инчунин, нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнону Роштқалъа ва Ванҷу Рӯшон тасдиқ гардида, корҳои созандагиву ободонӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаҳои зикргардида идома доранд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди шаҳраки Тем бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқлоли барқ, шабакаҳои обрасониву корез, мактабу беморхона ва биноҳои истиқоматии баландошёна маҷмӯи чораҳои омодагиро амалӣ карда истодааст.
Ҳоло бо ин мақсад 200 гектар замин ҷудо гардида, барои анҷом додани корҳои таҳқиқоти геологиву гидрогеологӣ, геодезӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 950 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрак омода шуда истодааст.
Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 милллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба ин масъала, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои таҳия ва тасдиқи нақшаи генералии ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб низ чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳама гуна барномаву нақшаҳо, аз ҷумла барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо бояд дар асоси боз ҳам беҳтару самаранок ва пурра истифода намудани захираву имкониятҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо таҳия ва татбиқ карда шаванд.
Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиёти вилоят ҳамеша афзалият дода, то имрӯз дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, саноати коркард, кишоварзиву обрасонӣ ва маорифу тандурустӣ як силсила лоиҳаву барномаҳои муҳимми давлатиро татбиқ кардааст.
Солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳи нақлиёти вилоят 5 лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ амалӣ кардааст.
Сохта, ба истифода додани шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб - Қалъаихумб - Хоруғ - Кулма яке аз аввалин иқдомоти мо дар самти таъмин намудани иртиботи доимии сокинони вилоят бо дигар минтақаҳои кишвар мебошад.
Шоҳроҳи мазкур дар айни замон ба афзоиши тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат карда истодааст.
Дар ин раванд, то имрӯз роҳҳои душворгузари мошингарди Шкев-Зиғар ва Шоҳон-Зиғар ба масофаи умумии 71,7 километр сохта, ба истифода дода шуд ва то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонидани корҳои асосии сохтмон дар қитъаи хавфноктарини минтақа - роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод - Шоҳон ба масофаи 40 километр бо бунёди 10 пули хурду калон дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара-Қалъаихумб анҷом ёфта, корҳо оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаи роҳҳои мошингарди Қалъаихумб – Хоруғ - Мурғоб - ағбаи Кулма ба масофаи 652 километр, Кӯлоб - Шӯрообод бо дарозии 32 километр ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб ба масофаи 26 километр идома доранд.
Дар ин давра бо харҷи 40 миллион сомонӣ аз болои дарёҳои Панҷу Вахон 6 пул бо дарозии умумии 585 метр сохта, ба истифода дода шуд.
Се рӯз пеш мо дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ пули мошингузари аз болои дарёи Ванҷоб сохташударо, ки барои бунёди он аз буҷети давлат 27 миллион сомонӣ сарф шудааст, ба истифода супоридем.
Ҳангоми сафари қаблӣ ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода будам, ки доир ба таҳияи лоиҳаи сохтмони пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳоло лоиҳаи пули мазкур омода гардида, кор оид ба дарёфти манбаъи сармоягузорӣ барои таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳа давом дорад.
Бинобар ин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадоранд, ки барои ҳарчи зудтар оғоз кардани сохтмони пули мазкур тадбирҳои муассир андешанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои фаъолияти муътадили инфрасохтори энергетикии вилоят беш аз 320 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир–1», «Техарв» ва “Андароб” таҷдиду бунёд гардида, бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат нерӯгоҳҳои хурди барқи обии «Ширг-1», «Ширг-2» ва «Ванҷ-2» сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Дар натиҷа иқтидори энергетикии вилоят 31,2 мегаватт зиёд шуда, ҳоло тавоноии умумии нерӯгоҳҳо ба 43,2 мегаватт расидааст.
Ғайр аз ин, тайи солҳои охир 203 зеристгоҳи барқӣ ва 270 километр хатҳои интиқоли барқ бунёд гардида, ин иқдом ба таъмини аҳолии ноҳияҳои вилоят бо нерӯи барқи доимӣ мусоидат кардааст.
Имрӯз дар натиҷаи азму талошҳои давлату Ҳукумати кишвар аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят бо нерӯи барқ пурра таъмин мебошанд.
Бо вуҷуди ин, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли нерӯи барқ сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар ноҳияи Ванҷ бо иқтидори 300 киловатт идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Оқсу-2” дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 800 киловатт ва азнавсозии нерӯгоҳи амалкунандаи ноҳия ба нақша гирифта шудааст.
Умуман, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дошта, ҳоло бунёди боз 8 нерӯгоҳи хурд идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи нақша дар солҳои 2015-2017 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи энергетикаи вилоят беш аз 100 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Бинобар ин, ба Ширкати «Помир Энерҷи» зарур аст, ки барои таъмини боэътимоди соҳаҳои гуногун ва аҳолии вилоят бо нерӯи барқ ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, коҳиш додани талафоти техникӣ ва ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунии соҳа тадбирҳои доимӣ андешад.
Хотиррасон месозам, ки ҳанӯз ду сол пеш ҳангоми мулоқот бо сокинони вилоят супориш дода будам, ки барои омода намудани асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳҳои барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа бо иқтидори 10 мегаватт ва “Санобод” бо иқтидори лоиҳавии 125 мегаватт чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бо мақсади амалӣ намудани супориши зикршуда мо дирӯз бо гузоштани санги асос бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”-ро оғоз бахшидем.
Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шуда, пешбинӣ мегардад, ки дар як сол аз ин ҳисоб боз 60 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол гардида, дар давраи миёнамуҳлат метавонад ҳаҷми тавлиди барқро дар вилоят 28 фоиз афзун намояд.
Ин нишондиҳанда дар шароити куҳистон барои ноҳия ва вилоят дастоварди назаррас ба ҳисоб меравад.
Дар баробари сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 - киловолтаи “Себзор - Хоруғ” ба масофаи 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин боиси минбаъд баланд шудани эътимоднокии таъминоти барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад шуд.
Бунёди нерӯгоҳ вазъи таъмини аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо нерӯи барқ беҳтар намуда, имконият фароҳам меорад, ки соҳаҳои саноату кишоварзӣ, бахши хусусӣ ва умуман ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо истифода аз нерӯи барқи доимӣ боз ҳам тараққӣ дода шаванд.
Бо ин мақсад барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ва хатҳои интиқоли барқ бо пайвастан ба шабакаҳои барқии мавҷуда беш аз 180 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Акнун ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Ширкати “Помир Энерҷи” ва дигар сохтору мақомот зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ барои бунёди иншооти зикршуда чораҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли оянда дар доираи барномаҳои рушд татбиқи 1439 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз чор миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, солҳои 2015 – 2017 ҷиҳати тараққиёти вилоят ҷудо намудани 1,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағҳо барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят равона карда мешаванд.
Барои муқоиса таъкид бояд кард, ки агар дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 158 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, пас барои пӯшонидани касри буҷети вилоят ва пардохти нафақа кумаки молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 582 миллион сомониро ташкил хоҳад кард.
Барои таъмини соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда аз 52 миллион сомонӣ ва таъмиру нигоҳдории роҳҳо 30 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳо барои сохтмони иншооти гуногун дар ҳудуди вилоят 208 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бинобар ин, вазорату идораҳои марбута вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати амалисозии нақшаҳои пешбинишуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар сохтору мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки истифодаи дурусту мақсадноки маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофият ва самаранокии онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳои маҳаллӣ ва таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҳамасола маблағгузориро ба самтҳои афзалиятноки рушди вилоят афзоиш дода истодааст.
Масалан, танҳо соли ҷорӣ барои дастгирии буҷети вилоят 160 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст, ки 77 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро ташкил медиҳад.
Бо супориши Роҳбари давлат пешниҳоди қарзҳои хурд аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар вилоят торафт беҳтар мегардад.
Дар давоми солҳои истиқлолият ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкории вилоят қариб 1 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 45 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.
Фақат дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба аҳолии вилоят беш аз 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст Илова бар ин, аз буҷети давлатӣ барои дастгирии рушди соҳибкорӣ 15 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пешниҳод гардидааст.
Ҳаҷми қарзи танҳо ба сокинони шаҳри Хоруғ додашуда дар ин давра 344 миллион сомонӣ ё 37 фоизи маблағи умумии қарзҳои дар миқёси вилоят додашударо ташкил медиҳад.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ қариб 40 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти гуногун, аз ҷумла таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти кишвар, барои корҳои ободонӣ ва ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлативу бахши хусусӣ ва бунёди иншооти мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.
Танҳо дар давоми соли гузашта сохтмону азнавсозии беш аз 100 иншооти таъиноти гуногун бо арзиши умумии 241 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Раванди бунёдкориву ободонӣ дар вилоят соли ҷорӣ вусъати тоза гирифта, илова ба оғози корҳо дар як қатор иншооти нав, инчунин сохтмон ва таъмиру азнавсозии 68 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи 71 миллион сомонӣ идома дорад.
То имрӯз барои бунёди инфрасохтори асосии Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз панҷ миллион сомонӣ, аз ҷумла соли ҷорӣ якуним миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Вобаста ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, дигар сохтору мақомот ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” ва ҳарчи зудтар ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани сохторҳои он чораҷӯӣ намояд.
Ҳозирини арҷманд!
Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар вилоят натиҷаҳои хуб дода истодаанд.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии вилоят ба 67 миллион сомонӣ баробар шудааст, яъне ин нишондиҳанда дар даҳ соли охир беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Агар соли 2010 дар вилоят 32 коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ фаъолият карда бошанд, ҳоло теъдоди онҳо ба 110 адад расида, то охири соли ҷорӣ сохтмони боз 9 корхонаи дигар ба анҷом мерасад.
Дар иртибот ба ин масъала бояд гуфт, ки дастгириву ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳимми ба фаъолияти самаранок ҷалб гардидани аҳолии вилоят, махсусан занону духтарон мебошад.
Зеро Бадахшон бо табиати нотакрору кӯҳҳои баланд, инчунин гиёҳу обҳои шифобахши худ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳамеша диққатҷалбкунанда буда, ашёву маснуоте, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят истеҳсол карда мешаванд, харидори зиёд доранд.
Ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои тамошои мавзеъҳои нодири сайёҳии вилоят ба кишвар ворид мешаванд.
Имрӯз дар ҳудуди вилоят 45 меҳмонхона ва 8 осоишгоҳ ба сайёҳону меҳмонон хизмат мерасонад.
Бо вуҷуди ин, бори дигар таъкид менамоям, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва муҳайё сохтани шароити хуби истироҳату хизматрасонӣ шарти асосии мунтазам зиёд шудани шумораи сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи даромад ва болоравии сатҳи зиндагии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Дигар ин, ки дар қаламрави вилоят имконияти афзоиш додани истихроҷи маъдан ва коркарди он хеле зиёд аст, ки дар ҳолати истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам овардан мумкин аст.
Таҳлили иҷрои нақшаи чорабиниҳои дар асоси сафарҳои қаблии Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тасдиқгардида нишон медиҳад, ки то имрӯз дар иҷрои як қатор супоришҳо, аз ҷумла дар самти ҷалби маблағ барои бунёди корхонаҳои коркарди маъдан, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, масолеҳи сохтмон, азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ камбудиву норасоиҳои зиёд мавҷуданд.
Вобаста ба ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар бори дигар таъкид менамоям, ки доир ба масъалаи таъсиси корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳо дар ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнону Ванҷ, сохтмони корхонаи хурди сементбарорӣ дар ноҳияи Ванҷ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсоли обҳои маъданӣ дар ноҳияи Ишкошим, маҳсулоти қаннодӣ дар ноҳияи Рӯшон ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Хотирнишон месозам, ки роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо масъулияти шахсӣ доранд.
Бинобар ин, онҳо дар ин масъала набояд фориғбол бошанд ва барои сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки аз таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, кишоварзони вилоят тайи чанд соли охир дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Бахусус, истеҳсоли меваю сабзавот ва асал сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.
Дар баробари ин, хотиррасон менамоям, ки дар қаламрави вилоят ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути азхудкунии заминҳои нав истифода шудаанд.
Масалан, дар ҳудуди вилоят имконияти азхуд кардани 3050 гектар замин мавҷуд мебошад, ки дар сурати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани он боз зиёда аз 12 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис додан мумкин аст.
Бинобар ин, зарур аст, ки Ҳукумати мамлакат ва вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати таҳия намудани барномаи азхудкунии заминҳои нав ва бо об таъмин кардани заминҳои навкорам чораҷӯӣ намоянд.
Дар вилоят маркази таҷрибавии кишоварзии «Помир» фаъолият мекунад, ки он ба селексияи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда, тухмипарвариву ниҳолпарварӣ, таҳияи усулҳои самараноки мубориза бо ҳашароти зараррасон, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии чорво махсус гардонида шудааст.
Тибқи маълумот олимони Марказ як қатор навъҳои серҳосили гандуми тирамоҳӣ ва картошкаи ба шароити баландкӯҳи вилоят мутобиқро парвариш карда, барои истифода ба кишоварзон тавсия додаанд.
Дар иртибот ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки дар самти истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, зиёд намудани зоти чорвои ба иқлими минтақа мутобиқ ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ чораҳои доимӣ амалӣ намоянд.
Дар ин раванд як масъаларо ҳамеша дар мадди назар бояд дошт, ки гармшавии иқлими сайёра сол аз сол вусъат гирифта, таъсири манфии он ба муҳити атроф, аз ҷумла дар қаламрави кишвари мо низ бараъло ба мушоҳида мерасад.
Раванди босуръат обшавии пиряхҳо, камшавии номгӯи растаниҳо, ҳайвоноти нодир ва ба биёбон мубаддал гардидани майдони чарогоҳҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Бо мақсади беҳсозии вазъи экологӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки ҷиҳати афзоиш додани майдони боғ дар доманакӯҳҳо, кишт ва парвариши гиёҳҳои шифобахш, барқарорсозӣ ва азнавсозии иншоот барои ҳайвоноти нодир, дар обанборҳо парвариш кардани намудҳои зудафзоишёбандаи моҳӣ ва эмин нигоҳ доштани майдони чарогоҳҳо аз биёбоншавӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, як масъалаи дигари муҳимро хотирнишон месозам, ки солҳои охир дар вилоят бинобар рушди босуръати сохтмони биноҳои истиқомативу маъмурӣ иқтидори иншооти обтозакунӣ ва қубурҳои обпарто ба талабот ҷавобгӯ нест ва ин ҳолат андешидани чораҳои заруриро тақозо дорад.
Илова бар ин, шӯршавии заминҳо дар баъзе ноҳияҳои вилоят ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, дигар вазорату идораҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии Барномаи азхудкунии заминҳо, инчунин барқарор кардану ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир чораҳои муассир андешанд.
Дӯстони азиз!
То имрӯз Ҳукумати кишвар барои пешрафти соҳаҳои маориф ва илм, фарҳангу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии ҷавонону занони вилоят ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам оварда, танҳо дар соли ҷорӣ бо ин мақсад 240 миллион сомонӣ ҷудо намудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта қариб 23 миллион ва нисбат ба соли 2012-ум 91 миллион сомонӣ ё худ чор баробар зиёд мебошад.
Имрӯз заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам гардида, сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумиву кӯдакистонҳо идома дорад. Дар давоми чанд соли охир маоши омӯзгорон низ хеле баланд бардошта шуд.
Дар баробари ин, аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон, татбиқи роҳу усулҳои фаъоли таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи таълим асоси фаъолияти масъулони соҳаи маорифи вилоятро ташкил медиҳад.
Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат доир ба рушди муассисаҳои томактабӣ изҳори назар шуда буд.
Аз рӯи маълумот дар вилоят вазъи чунин муассисаҳо қонеъкунанда набуда, аксари кӯдакистонҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Вобаста ба ин, вазорати маориф ва илм, молия, мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки барои беҳтар намудани вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намоянд.
Тибқи маълумот дар ҳудуди вилоят дар зарфи солҳои 2011-2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 100 миллион сомонӣ 28 муассисаи таълимӣ барои 5900 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар баробари ин, аз ҳисоби фонди захиравии Роҳбари давлат Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон, хобгоҳ барои Донишгоҳи давлатии Хоруғ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят дар назди муассисаҳои таълимии деҳаҳои Сангев ва Лангари ноҳияи Дарвоз 10 синфхонаи иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст бунёд карда шуда, азнавсозии муассисаи таълимии деҳаи Бопасори ноҳияи Рӯшон анҷом ёфт.
Бо иқдому дастгириҳои Ҳукумати кишвар хоҳишу дархости ҷавонони вилоят доир ба бунёди Маркази ҷавонон ва хобгоҳ барои донишҷӯёну омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба иҷро расид.
Дирӯз мо илова ба чандин варзишгоҳу иншооти варзишии то ба ҳол дар вилоят сохтаамон дар шаҳри Хоруғ як Маҷмааи варзишии дорои тамоми шароити муосирро бо 1700 ҷойи нишаст ба истифода супоридем ва санги асоси сохтмони коллеҷи тиббиро гузоштем, ки дар муддати хеле кӯтоҳ бунёд гардида, ба ихтиёри толибилмони ҷавони вилоят супорида мешавад.
Ман андешаҳои худро ба ҷавонони вилоят ва шаҳри Хоруғ ҳангоми ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ муфассал баён кардам ва ҳоло бори дигар хотирнишон месозам, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид наврасону ҷавонон бояд ҳарчи бештар ба омӯзиши илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ машғул шуда, барои хизмат ба Ватан аз имрӯз омода бошанд, зеро ояндаи давлат ва ҷомеа дар дасти онҳост.
Дар иртибот ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям.
Гарчанде мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷо бо аҳли маориф ва сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд, вале то ҳанӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои риоя нагардидани бандҳои алоҳидаи қонун ба назар мерасанд.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо падару модарон, омӯзгорон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати риояи муқаррароти қонуни зикршуда ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонону наврасон чораҳои қатъӣ андешанд.
Бо супориши Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз дар бобати дастгирии аҳли маориф, аз ҷумла омӯзгорони ҷавони вилоят як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.
Масалан, аз соли 2008 то инҷониб ба 28 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, ба 275 нафари дигар қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд. Аммо ин тадбирҳо ҳанӯз ҳам кифоя нестанд.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҷудо намудани қитъаҳои замин ба омӯзгорону табибон, кормандони соҳаи фарҳанг ва намояндагони дигар соҳаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.
Рӯзи 2-юми июли соли ҷорӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти омӯзгорӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии омӯзгорони ҷавон қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи муайян кардани иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, қабул шуд.
Пардохти иловапулӣ аз 1-уми сентябри ҳамин сол оғоз мегардад ва бешубҳа, боз як нишонаи ғамхории Ҳукумат нисбат ба аҳли маориф мебошад.
Илова бар ин, мо рӯзи гузашта санги асоси бинои Раёсати маорифи вилоят ва шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғро гузошта, ба масъулону мутахассисон супориш додем, ки сохтмони иншооти зикршударо ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонида, ба истифодаи аҳли маорифи вилоят супоранд.
Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат қариб 560 нафар ҷавонони вилоят тибқи квотаи Президентӣ таҳсил доранд, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи хоб таъмин буда, илова бар ин, ба онҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешаванд.
Ҳамасола тариқи квотаи Президентӣ то 150 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилотии вилоят ба муассисаҳои олии кишвар қабул шуда, аз соли 1997 то инҷониб 1650 нафар дар маҷмӯъ аз имтиёзи мазкур баҳравар гардидаанд, ки қариб 1000 нафарашон духтарон мебошанд.
Ҳамчунин раванди торафт зиёдшавии қабули хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят ба мактабҳои олии касбии кишвар мушоҳида мегардад.
Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 16 000 нафар довталабони муассисаҳои олии касбии кишвар аз ҳисоби ҷавонони вилоят соҳиби унвони донишҷӯ гардидаанд.
Қобили таъкид аст, ки дар давоми 24 соли истиқлолияти давлатӣ 4700 нафар ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм кардаанд.
Дар даврони истиқлолият дар вилоят беш аз 30 клубу китобхона, осорхона, инчунин театри халқӣ дар ноҳияи Ишкошим таъсис ёфта, театрҳои аз фаъолият бозмондаи ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ эҳё гардиданд.
Ҳамчунин, Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Хушқадамов ва як қатор китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.
Дирӯз санги аввали бинои театри муҷаҳҳазу замонавии вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ гузошта шуд ва дар маркази ноҳияи Рӯшон Қасри фарҳанг, ки аз ҳар лиҳоз ҷавобгӯи талаботи муосир мебошад, ҳамчун туҳфаи Ҳукумат ба мардуми фарҳангдӯсту ҳунарманди ноҳия ифтитоҳ гардид.
Дар иртибот ба ин, ба Вазорати фарҳанг супориш дода мешавад, ки ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои соҳаи фарҳанги вилоят, бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва дастгоҳу ашёи зарурӣ таҷҳизонидани муассисаҳои фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии шаҳрвандон, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбияи эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии аҳли ҷомеа ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон чораҳои иловагӣ андешанд.
Аз ҷумла зарур аст, ки бо мақсади иҷрои пурраи супориши Роҳбари давлат доир ба ташкили мағозаҳои фурӯши китоб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва беҳтар таъмин кардани аҳолӣ бо китобҳои бадеӣ ва илмиву оммавӣ, инчунин сари вақт дастрас намудани матбуоти даврӣ чораҷӯӣ намоянд.
То имрӯз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати мустаҳкам намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят сохтмони иншооти нав ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоту молҳои тиббӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Масалан, дар давоми чор соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои рушди соҳаи тандурустии вилоят қариб 142 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва мо барои пешрафти ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ минбаъд низ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем.
Дар иртибот ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро зарур аст, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир ба рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла норасоии кадрҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ва дар коллеҷи тиббии вилоят кушодани ихтисосҳои нав тадбирҳои муассир андешанд.
Дар вилоят масъалаи дастрасии аҳолӣ ба иттилоот низ беҳбудӣ мехоҳад.
Бо вуҷуди ин, ки аҳолии вилоят бо нерӯи барқ пурра таъмин аст, вале то имрӯз сокинони баъзе деҳаҳо дар ноҳияҳои Мурғобу Рӯшон бо қувваи барқ пурра таъмин карда нашудаанд ва бо ин сабаб онҳо аз истифодаи барномаҳои телевизион ва радиои марказӣ ва вилоят маҳруманд.
Умуман, пахши барномаҳои телевизион ва радио дар қаламрави вилоят ба талабот ҷавобгӯ нест ва дар баъзе ноҳияҳо шабакаи интернет низ вуҷуд надорад.
Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва саноат, ширкатҳои “Барқи Тоҷик”, “Помир энерҷи” ва Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаи бо барқ таъмин намудани аҳолӣ, насби фиристандаҳо ва беҳтарсозии пахши барномаҳои телевизион ва радиоро дар ҳудуди ноҳияҳои зикршуда ва умуман дар қаламрави вилоят ҳаллу фасл намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо истифода аз фурсати муносиб, яъне иштироки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот, занону ҷавонон, аҳли ҷомеа, зиёиён ва ходимони дин, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба вазъи риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, масъалаҳои вобаста ба тарбияи ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон, инчунин равандҳои хатарноке, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, ҷалб намоям.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар давоми солҳои 2010-2014 ва се моҳи соли ҷорӣ вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят тамоюли афзоиш пайдо карда, дар ин давра зиёда аз 2600 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 194 ҳолати онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Дар ин давра 22 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, 11 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 9 ҳолати ғоратгарӣ, 133 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, 110 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва 211 ҷинояти иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст.
Содиршавии ҷиноятҳо бо истифодаи силоҳ 8 ҳолат зиёд гардида, болоравии сатҳи ин намуди ҷиноят бештар дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ба мушоҳида мерасад.
Ҳамчунин, 46 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва сохтани силоҳ ба қайд гирифта шуда, ҷиноятҳои мансуб ба терроризм 2 баробар, машғул шудан бо фаъолияти экстремистӣ 5 баробар ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ 3 баробар зиёд гардидаанд.
Дар баробари ин, худсарона ишғол намудани замин ва қасдан вайрон кардани амвол низ 3 баробар зиёд шудааст.
Ҳарчанд ки дар миқёси вилоят содир намудани ҷиноят аз тарафи наврасону ҷавонон то андозае коҳиш ёфтааст, вале дар ноҳияи Рӯшон ин ҳолат тамоюли афзоиш дорад.
Аз соли 2010 то инҷониб дар вилоят аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 733 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 88 килограми онро героин ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаи зиёдтари он ба ноҳияҳои Шуғнон ва Дарвозу Ишкошим рост меояд.
Агар дар ин давра дар миқёси мамлакат 4874 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда бошад, пас аз ин шумора 230 ҷиноят ба вилоят рост меояд.
Тайи солҳои 2010-2014 дар вилоят шумораи шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкумшуда ба 441 нафар расидааст.
Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши истеъмоли он ва бо ҳамин роҳ ба бемории нашъамандӣ гирифтор шудани шаҳрвандон гардида, ҳоло тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз 1000 нафар сокинони вилоят мубталои ин беморӣ мебошанд.
Солҳои 2010-2015 дар вилоят бар асари истеъмоли маводи мухаддир 170 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки ин мусибати бисёр гарон барои волидон ва ҳамсару фарзандони фавтидагон мебошад.
Бо мақсади пешгирии қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба ҷони инсонҳо ва гузашта аз ин, ба генофонди миллат таҳдид мекунад, мо дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаҳои мушаххас гузоштаем.
Мубориза бо ин амали нангину хатарнок на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин қарзи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва соҳибхиради кишвар мебошад.
Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи солим, волидайну ҳамсарони хушбахт ва фарзандони солеҳу баркамол дошта бошем, бояд барои солимии ҷомеа дастаҷамъона мубориза барем.
Дигар проблемаи доғи рӯз дар вилоят ва махсусан шаҳри Хоруғ даст задани ҷавонон ба худкушӣ мебошад.
Яке аз сабабҳои даст ба ин амали нангин задан нашъамандӣ, майпарастӣ, ҳаёти носолиму бадахлоқона ба сар бурдан ва муноқишаҳои оилавӣ мебошад.
Дар муддати 5 соли гузашта ва 6 моҳи соли ҷорӣ 107 нафар сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки 75 нафари онҳо мардон ва 32 нафарашон занон мебошанд. Мутаассифона, аз ин шумора 21 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Бояд таъкид кард, ки истеъмоли маводи мухаддир яке аз роҳҳои асосии гирифторӣ ба бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла бемории норасоии масъунияти одам мебошад.
Мувофиқи маълумоти Маркази бемориҳои сирояткунандаи кишвар аз соли 2010 то ба ҳол 439 нафар сокинони вилоят ба бемории сирояткунандаи норасоии масъунияти одам дучор гардидаанд, ки 78 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 160 нафар фавтидаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ аз бемориҳои нашъамандӣ, норасоии масъунияти одам ва худкушӣ, ки он ҳам дар аксари мавридҳо натиҷаи ду бемории зикршуда мебошад, 437 нафар вафот кардааст.
Агар аз як оила як нафар фавтида бошад, аъзои 437 оила, яъне қариб 3 ҳазор одамон мусибатзада шудаанд, ки ин рақам барои 200 ҳазор нафар аҳолии вилоят бисёр зиёд ва нигаронкунанда мебошад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти кишвар аз 2 декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2010 дар вилоят 118 мил ва соли 2014-ум 321 мил силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.
Умуман, аз оғози интишори фармони мазкур то имрӯз аз аҳолии вилоят 4 ҳазору 642 мил силоҳи оташфишони навъҳои гуногун ва муҳиммоти ҷангӣ мусодира гардидааст.
Бо вуҷуди ин, дар дасти аҳолӣ ҳанӯз ҳам миқдори зиёди силоҳ мавҷуд аст, ки метавонад боиси халалдор шудани амнияти аҳолӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ гардад.
Аз ин лиҳоз, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст, ки бо ҳамкории бевоситаи аҳолӣ доир ба пурра ҷамъ овардан ва супоридани силоҳу муҳиммоти ҷангӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Чунонки ҳамаи шумо мушоҳида мекунед, вазъи ҷаҳони имрӯза рӯз то рӯз ноорому мураккаб гардида, авзои сиёсиву иҷтимоӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон, Сурия, Ливия ва Ироқу Яман торафт хатарнок шуда истодааст.
Ман андешаҳои худро доир ба ин масъала дар чорабиние, ки 26 июн дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ доир гардид, муфассал баён доштам.
Созмонҳои тундраву ифротгаро, аз қабили ниҳоди террористии ба ном “Давлати исломии Шому Ироқ” фаъолияти даҳшатбору тахрибкоронаи худро торафт тавсеа бахшида истодаанд.
Гумоштагону эмиссарҳои онҳо дар чандин кишвари дунё мухолифату ҷангҳои хунини байнимазҳабиро доман зада, мехоҳанд, ки бо мақсади ноил шудан ба нақшаву ҳадафҳои нопоки худ шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ва дар навбати аввал ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба дастаҳои экстремистиву террористӣ ҷалб намоянд.
Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳи мо низ гирифтори доми фиреби чунин гурӯҳҳо гардида, ҳатто чандин нафари онҳо бо аҳли оилаи худ ба сафи ҷангиёни Давлати исломӣ шомил шудаанд.
То имрӯз, аллакай, зиёда аз 100 нафари онҳо кушта шудаанд. Боиси таассуф аст, ки дар байни ин гумроҳшудагон ҷавонони вилоят низ ҳастанд.
Масалан, то имрӯз нисбат ба 11 нафар сокинони вилоят, аз ҷумла 6 нафар аз ноҳияи Ванҷ барои иштирок дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бинобар ин, бори дигар ба падару модарони азиз, шахсони обрӯманду рӯзгордида, фаъолон ва аҳли зиёи вилоят муроҷиат мекунам, ки фарзандони худ ва ҷавононро аз ин роҳи бад гардонед ва нагузоред, ки онҳо худро қурбони дасисаву фиреби бегонагон ва манфиати доираҳои ғаразноки хориҷӣ гардида, падару модарон ва хешу таборони худро мотамзадаву шармсор созанд.
Мунтазам доир намудани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан дар миёни ҷавонон вазифаи ҷонии кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятӣ, ходимони дин ва дигар ниҳоду сохторҳои кишвар мебошад.
Итминон дорам, ки ҷавонони ғаюр ва бо нангу номуси вилоят бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвари азизамон сайю талоши худро танҳо барои омӯзиши илму дониш, азхуд кардани касбҳои замонавӣ ва хизмат ба Ватани хеш сафарбар карда, эҳтиром ва риояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолонро вазифа ва қарзи худ мешуморанд.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки медонед, рушди устувори кишвар аз бисёр ҷиҳат ба пешрафти минтақаҳои наздисарҳадӣ вобаста буда, таъмин ва таҳкими суботу амният дар ҷомеа ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлат маҳз аз хатти сарҳад оғоз мегардад.
Бо ин мақсад, солҳои охир дар ҳудуди вилоят барои анҷом додани сохтмон, таъмиру азнавсозии иншооти сарҳадӣ ва бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудани онҳо қариб 50 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.
Илова бар ин, ҳоло бунёди се дидбонгоҳи сарҳадӣ ба маблағи 11 миллион сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад ва дар ду иншооти сарҳадии дигар корҳои сохтмон оғоз гардидаанд.
Ҳудуди вилоят бо се кишвари ба мо ҳамсоя – Афғонистон, Хитой ва Қирғизистон ҳамсарҳад буда, масофаи умумии хатти сарҳади давлатӣ дар ин минтақа зиёда аз 1400 километрро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд ки имрӯз вазъ дар сарҳади давлатӣ орому муътадил аст, вале як қатор омилҳои дохиливу берунае мавҷуданд, ки аз эҳтимоли тағйирёбии вазъ дар хатти сарҳад ҳушдор медиҳанд.
Дар самти сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёд гардидани амалиёти террористиву экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳои халалдоркунандаи вазъ дар сарҳад мебошанд.
Омилҳои зикргардида зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро доир ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ, омодагии ҳаматарафаи ҷузъу томҳои низомӣ дар сурати тағйирёбии вазъият тақозо доранд.
Инчунин тайёрии дигар субъектҳои таъмини амниятро бо мақсади мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир ва амалиёти таҳрибкорӣ дар сарҳади давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, муқовимат ба фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккил ва боз ҳам мустаҳкам кардани риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, яъне таъмини волоияти қонун дар минтақаҳои наздисарҳадӣ пурзӯр карда шавад.
Мо дар бобати пешгирӣ кардани хатарҳои эҳтимолӣ ва муқовимат ба онҳо ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаем.
Бо вуҷуди ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолиро зарур аст, ки дар масъалаҳои зикршуда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкории зич дошта бошанд ва ба онҳо дар ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва ҳимояи суботу амнияти давлат ва ҷомеа кумак расонанд.
Дар шароити имрӯза талқини ғояи ватандӯстӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои калидии ҳар як шахси масъули давлатӣ, мактаб, омӯзгор, падару модар ва аҳли ҷомеа мебошад.
Такроран таъкид месозам, ки шахс ҳамон вақт ватандӯст дониста мешавад, ки агар сарзамини аҷдодӣ ва забони давлати худро воқеан азиз шуморад, арзишҳои миллӣ ва таърихи пуршарафи халқи хешро посу гиромӣ дорад ва барои ҳифзи марзу буми Ватани худ ҳамеша омода бошад.
Танҳо дар ҳамин сурат насли ҷавон масъулиятро барои имрӯзу фардои кишвар амиқан эҳсос карда, арзишҳои миллиро аз арзишҳои бегона болотар меҳисобад.
Мо вазифадорем, ки тамоми нерӯи зеҳнӣ ва захираву имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати рушди босуботи кишварамон сафарбар намоем, бо иродаи қавии ватанпарастона паҳлуи ҳам истода, соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва дастовардҳои он, пеш аз ҳама, суботу оромӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва ҳамаи қуввату ғайрати хешро барои расидан ба ҳадафҳои ояндаи ободгаронаамон равона созем.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, кулли хизматчиёни давлатӣ аз он иборат аст, ки ташаббускор ва содиқу поквиҷдон бошанд, дар ҳалли мушкилоти мардум ба фориғболиву саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша ғамхорӣ кунанд ва муҳимтар аз ҳама, доим дар хотир дошта бошанд, ки вазифаи мо ободу пешрафта гардонидани мамлакат, хизмат ба халқ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мебошад.
Ҳамчунин, дар назар бояд дошт, ки ниҳоят гарм омадани тобистон нишонаи возеҳи зимистони сарду тӯлонӣ мебошад.
Бинобар ин, зарур аст, ки тайёрӣ ба зимистон ва хусусан ба зимистонгузаронӣ омода намудани иншооти иҷтимоӣ ва аҳолӣ аз ҳамин рӯз вусъат дода шавад.
Соли оянда мардуми шарифи Тоҷикистон 25-умин солгарди соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии кишвари азизамонро таҷлил мекунанд.
Барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин ҷашни бузург ба ҳар яки мо зарур аст, ки бо шукронаи ин неъмати бебаҳо ҳар рӯзро пурсамар истифода кунем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлатамонро пешрафтаву нерӯманд гардонем.
Ҳамзамон бо ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки омили асосии таъмини рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз иттиҳоду ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон вобаста мебошад.
Таъкид месозам, ки соҳибистиқлолии Ватан барои мо ба арзиши гарон ба даст омада, эҳёи давлатдории миллӣ, фарҳангу тамаддун, худшиносиву худогоҳӣ маҳз аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ маншаъ гирифтааст.
Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо бояд кӯшиш намоем, ки кору фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани муқаддасамон равона созем.
Мо сарзамини аҷдодии худро Ватан – модар мехонем, онро муқаддас мешуморем ва бинобар ин, барои ҳифзу нигоҳбонии ин марзи муқаддас ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа бояд омода бошем.
Бори дигар таъкид месозам, ки Ватан дар баробари модар муқаддас буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда мебозад, зеро бидуни Ватан инсон бе сарнавишт ва бе қурбу манзалат аст.
Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири пешрафти давлату миллат ва ободии Ватани аҷдодист.
Ватан – модар моро бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасонад, ки ҳангоми таҳдид ба он аз як гиребон сар барорем, бо дилу ҷон ва тамоми вуҷудамон онро ҳифзу нигоҳбонӣ намоем ва дар ин ҷода агар лозим ояд, ҷон нисор кунем.
Дар фарҷом барои истиқболи самимонаи мардуми ватандӯсту ҳимматбаланд ва бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар арзи сипос карда, ба кулли сокинони вилоят зиндагии осуда, сиҳативу хушиқболӣ ва некрӯзиву саодатмандӣ орзу менамоям.
Доимо сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!