Гузоштани санги асос ба сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ
Нашр шуд. Душ, 31/08/2015 - 11:58
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ санги асос гузошт.
Тибқи лоиҳа хобгоҳи мазкур аз 5 ошёна иборат буда, бояд барои 458 нафар сохта мешуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки барои пурра таъмин кардани донишҷӯён бо хобгоҳ боз 2 ошёнаи дигар илова карда шуда, шумораи хонаҳо ба 700 адад расонда шавад.
Дар таҳхона ошхона барои 48 ҷой, толори хурди варзишӣ, толори тенниси рӯйи миз ва ҳуҷраҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла, сартарошхона, шустушӯйхона, анборҳои нигоҳубини рахтҳои хоб ва ғайра ҷойгир карда мешавад.
Дар хобгоҳ ҳуҷраҳои хоб, толори хониш, толори омӯзиши дарсҳои компютерӣ ва шустушӯйхонаҳои занона ва мардона, инчунин ташноб ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҷо баъди гузоштани санги асос барои сохтмони бинои хобгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ доир намуда, донишҷуёнро ба омӯзиши илмҳо ва технологияи муосир, истифодаи техникаю таҷҳизоти навтарини ташхису табобат ҳидоят намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо истифода аз тамоми шароити мусоиде, ки Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон муҳайё кардааст, бояд ба сифати таълим, омӯзиши касби пуршарафи духтурӣ аҳамияти махсус диҳанд.
Президенти мамлакат изҳор дошт, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ ва баъди бунёди бинои хобгоҳ даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.