Хабарнигорон мунтазири мулоқоти сарони кишварҳоянд
Нашр шуд. Сеш, 15/09/2015 - 10:09
Хабарнигороне, ки ҳоло дар толори хониши электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор доранд, мунтазири мулоқоти сарони кишварҳо ҳастанд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 15-уми сентябр аз соати 10:20 то 10:40 мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар «Қасри миллат» сурат гирад.
Соати 10:50 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Беларус-Александр Лукашенко, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Алмосбек Отамбоев ва Президенти Русия Владимир Путин нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки эҳтимол Владимир Путин бо Президенти Қирғизистон Алмосбек Атамбоев низ мулоқот кунад. Ин мулоқоти роҳбарони давлатҳо дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷараён хоҳад гирифт.
Ҳамзамон эҳтимол меравад, ки дар ҷараёни мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Русия дар робита ба қазияи амалиёти низомии неруҳои ҳукуматии Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода гуфтугӯй сурат гирад.