Мулоқот бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ло Баомин

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбари ин музофот Ло Баомин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти тараққикардаи Чин баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла ба масъалаҳои вобаста ба бунёди зербинои сайёҳӣ зоҳир шуд. Зикр гардид, ки ин минтақаи Чин дар бунёди шароити зарурӣ барои ҷалб ва қабули сайёҳони сершумор таҷрибаи зиёд дорад.
Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми гардиши солонаи мол миёни Тоҷикистону Чин аз сифр то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расид. Он ки ҳоло беш аз 2 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсили илм мекунанд, нишонаи таваҷҷуҳи хос ба густариши робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо ин ҳамсояи бузург номида шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.


www.president.tj