Таъйини директорони ТВ-Варзиш, ТВ-Синамо ва Академияи васоити ахбори умум
Нашр шуд. Сеш, 24/11/2015 - 11:37
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул ва роҳбарии сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои иттилоотию фарҳангӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Аз ҷумла, роҳбаронони тозаинтихоби муассисаҳои давлатии телевизиони Варзиш, Синамо ва Академияи васоити ахбори умум ба ҳузур пазируфта, ба онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамин тариқ, - Файзуллозода Хуршед Мирзо директори муассисаи давлатии ТВ-Варзиш, Набизода Набӣ директори муассисаи давлатии ТВ-Синамо, Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон директори муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умум таъйин гардиданд.