Фавти Акбар Ҷӯраев
Акбар Ҷӯраев яке аз шахсиятҳои пурнуфуз ва соҳибтаҷриба дар соҳаи телевизион ва радиои тоҷик санаи 29.12.2015 бар асари беморӣ аз дунё чашм пӯшид.
Ёдовар бояд шуд, ки шодравон Акбар Ҷӯраев дар мақомҳои баланди Кумитаи телевизион ва радио кору фаъолият бурда, дар пешрафти телевизион ва радиои тоҷик нақши босазо ва арзанда гузоштааст. Ҳамчунин, дар тарбияи шогирдон ва кадрҳои ҷавони соҳа нақши босазои худро гузоштааст.
Раёсат ва тамоми кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даргузашти Акбар Ҷӯраевро ба хонавода ва наздикони ӯ изҳори ҳамдарди намуда, барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.
Хонаи охирати шодравон Акбар Ҷӯраев ободу равшан бошад…