Пирзода Маҳмадсаид ба саволҳои намояндагони ВАО посух гуфт
Субҳи имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Раиси Кумита Пирзода Маҳмадсаид Шоҳидин дар оғози нишаст иброз дошт, ки омодааст, то ба тамоми саволҳои намояндагони ВАО посух гӯяд.
Ҳамин тариқ, Раиси Кумита дар посух ба пурсишҳои рӯзноманигорон таъкид намуд, ки фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радио ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар соли 2015 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, барои амалӣ шудани барномаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардиданд.
Ҳамчунин, ӯ таъкид намуд, ки барои ҷалби ҷавонон дар соҳаҳои телевизион ва радио тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, имконият ва шароити заруриро барои фаъолияти босамари онҳо фароҳам хоҳанд овард.
Дар робита ба пурсиши рӯзноманигорон оид ба ташкили шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Синамо» Раиси Кумита иброз дошт: «Ҳадаф аз ташкили МДТ «Варзиш» инъикоси ҳамаи ҷонибаи рушди варзиш, инъкоси дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва ҷалби ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш дар ҷумҳурӣ аст. Вазифа ва ҳадафҳои МДТ «Синамо» бошад, эҷод, рушд ва такомули синамои тоҷик аст. Дар баробари ин, дар асри ҷаҳонишавии имрӯз шинохт аз асли миллати хеш ва соҳиб шудан ба арзишҳои фарҳангию мадании миллиро яке аз унсурҳои зарурии шахси бедор ва равшанфикри ҷомеа аст, ки барои амалӣ сохтани ин ҳадафҳр МДТ «Синамо» саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт».
Ҳамин тариқ, Раиси Кумита Пирзода Маҳмадсаид Шоҳидин ва сардорони раёсат, директорони шабака ва дигар муассисаҳои зерсохтори Кумита ба пурсишҳои намояндагони васоити ахбори омма посух гуфтанд.