Эй Пешвои миллат!
Нашр шуд. Шан, 20/02/2016 - 10:29
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Эй Қаҳрамони миллат,
Зўру тавони миллат
Гардида решапайванд
Ҷонат ба ҷони миллат
Хуш гуфтааст шоир: "Бо ҷанг ҷанг кардӣ",
Дар ҳифзи нанги миллат додӣ ту доди мардӣ,
Дар ҷодаи ҳақиқат бо азм раҳ сипардӣ,
Оре, ту бо ҷаҳолат як умр дар набардӣ,
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Эй Қаҳрамони миллат,
Зўру тавони миллат
Гардида решапайванд
Ҷонат ба ҷони миллат.