Таърихи бунёди МД ТВ «Синамо», «Варзиш» ва Академияи ВАО
Нашр шуд. Шан, 05/03/2016 - 08:36
«Синамои тоҷик таърихи пурифтихор дошта, як қатор филмҳои он шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд. Бо мақсади идома бахшидан ба анъанаҳои неки синамои миллӣ синамогарони тоҷик дар даврони истиқлолият тавонистанд масъалаҳои мубрами рӯз ва набзи ҷомеаро дар як силсила филмҳои худ инъикос намоянд.
Ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳимми тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафти рушди он ба ҳисоб меравад.
Мақсад аз таъсиси телевизиони «Синамо» ба мардум ҳарчи бештар пешниҳод намудани ғизои маънавӣ тавассути филму наворҳои гуногунжанри миллӣ, инчунин омодасозии мутахассисони соҳа ва ба ин васила таъмин кардани рушди минбаъдаи кинои тоҷик мебошад.
Ҳадаф аз таъсиси шабакаи давлатии телевизионии “Варзиш” низ муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати варзишгар, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад.
Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Қобили таъкид аст, ки дар ин кори хайр телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи навтаъсиси телевизионии «Варзиш» хизмати арзандаро ба ҷо оварда метавонанд.
Бояд гуфт, ки шабакаи “Варзиш” бори нахуст ба таври рақамӣ тавассути моҳвораи алоҳида пахш шуда, сатҳу сифати намоишҳои он аз дигар шабакаҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Яъне тамоми техникаву таҷҳизоти ин шабака рақамӣ буда, сифати баландтарини тасвирро таъмин мекунад ва барои тарғиби дастовардҳои соҳаи варзиш шароити беҳтаринро фароҳам оварда метавонад.
Дар биное, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, илова ба шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Синамо» инчунин Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон низ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Вазифаи муассисаи мазкур тарбияи мутахассисони болаёқати воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, аз ҷумла шабакаҳои телевизиониву радиоӣ мебошад. Роҳбарону мутахассисони Академия бояд доир ба такмили барномаҳои телевизион, боз ҳам беҳтару ҳадафрас намудани гуфторҳои радио ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти матбуоти даврӣ мусоидат намоянд.
Бо дарназардошти ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани услуби фаъолияти воситаҳои ахбори омма Академия бояд омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаро дар самти пешбурди корҳои тарғиботиву иттилоотонӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир ба роҳ монад.
Муҳимтар аз ҳама, бо таъсиси Академия бояд сатҳи касбӣ ва завқи бадеии кормандони соҳа такмил дода шуда, рушди воқеии воситаҳои ахбори оммаи мамлакат таъмин карда шавад.
Академия аз шуъбаҳои телевизиону радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши технологияи компютерӣ ва нозукиҳои ҳунари дизайнерӣ иборат буда, шунавандагону мутахассисони соҳа метавонанд аз махзани китобхонаи он, ки дорои 7000 нусха адабиёти илмиву бадеӣ ва соҳавӣ мебошад, истифода баранд».
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон