Фазилати Наврӯз
Нашр шуд. Ҷум, 18/03/2016 - 07:09
«Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.
Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад.
Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.
Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад».
Эмомалӣ Раҳмон