Наврӯз - ҷашни ваҳдат
"Бузургдошти Наврӯз – умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.
Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд.
Наврӯз тайи тақрибан 6000 соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.
Дар раванди таърих Наврӯз нахуст қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абӯрайҳони Берунӣ "пешонии соли нав" аст. Маҳз таъйини соли нав, ки мабдаи дақиқи кайҳонӣ дошт, таърихро чун сарнавишти инсон дар дарозои замон маънии воқеӣ бахшид.
Наврӯз аз сароғоз шаҳсутунҳои ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас ва муайян намуд".
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон