Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додаанд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2016 зиёд карда шавад. Тибқи Фармони мазкур аз 1 июли соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст. Яъне, дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз 1 июли соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи кормандон набояд аз 400 сомонӣ кам бошад. Инчунин, тибқи Фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб-интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Яъне, имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 649 сомониро ташкил намояд, аз 1 июли соли ҷорӣ он ба 779 сомонӣ баробар мегардад. Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфӣ ва мудири кабинетро ба ӯҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад, ки маоши муаллими тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбӣ дошта, бо дарназардошти иловапулиҳо аз 1 июли соли ҷорӣ 1183 сомониро ташкил медиҳад. Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф — муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касби, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин ба кормандони унвони илмӣ доштаи ин муассисаҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз пардохт карда мешавад. Маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мувофиқан ба шумораи умумии хонандагон ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда мешавад. Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад, ки андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 230 сомонӣ баробар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда 190 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин робита, маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1310 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо 1598 сомонӣ ва маоши вазифавии табиби категорияи олӣ дар беморхонаҳо 810 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 998 сомонӣ баробар мегардад. Маоши кормандони соҳаи илм 20 фоиз зиёд карда шуда, вобаста ба ин маоши вазифавии сарходими илмии Институтҳои академияҳои илмӣ ба ҳисоби миёна бо дарназардошти унвони илмӣ ба 1723 сомонӣ ва сарходими илмии муассисаҳои соҳавӣ ба 1121 сомонӣ расонида мешавад. Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд 25 фоиз зиёд мегардад, яъне маоши вазифавии корманди маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 1241 сомонӣ ва кормандони маъмурии дигар муассисаҳо (осоишгоҳҳо, литсей интернати касбии махсуси маъюбон ва шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона) ба 1005 сомонӣ расонида мешавад. Маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд ва дар ин робита маоши вазифавии мудири китобхонаи ноҳия аз 1 июли соли ҷорӣ ба 965 сомонӣ баробар мегардад. Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, инчунин ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андоза 15 фоиз зиёд карда шудаанд. Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант – 520 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш – 470 сомонӣ, яъне 15 фоиз зиёдшавӣ муқаррар карда шудааст. Барои ҳарчи бештар ба хизмати давлатӣ ҷалб намудани мутахассисони болаёқат музди меҳнати мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои ҳисоб намудани маоши вазифавии мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффисиентҳои тарифӣ 520 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавӣ музди меҳнати онҳо 15 фоизро ташкил медиҳад. Барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум бошад, маоши заминавӣ барои ҳисоби намудани коэффисиентҳои тарифӣ ба андозаи 470 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 15 фоизро дар бар мегирад. Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ба андозаи 15 фоиз зиёд мегарданд. Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии нафақа низ мушаххас муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуд, ки андозаи он 156 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ ва зиёда фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳҳои II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд, ба андозаи 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муайян карда мешавад. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 30 фоиз муайян карда шуда, стипендияи Президентии донишҷуён аз 630 сомонӣ ба 819 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 756 сомонӣ ба 983 сомонӣ расонида мешавад. Стипендияҳои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, аз 79 сомонӣ ба 103 сомонӣ расонида мешавад. Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра таъмин карда мешавад.