Ваҳдат - мароми зиндагии инсоният

Яке аз таҳаввулотҳои бузурги охири асри ХХ аз байн рафтани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ, системаи сиёсии ҷомеаи сотсиалистӣ ва соҳибистиқлолгардии ҷумҳуриҳои собиқ сотсиалистӣ ба ҳисоб меравад. Аз он замон, аллакай, бисту панҷ сол сипарӣ мегардад ва ҷаҳон ба таҳаввулотҳои хурду бузург пай дар пай мувоҷеҳ гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди давлатҳои дигари пасошўравӣ истиқлолияти давлатии худро соҳиб гашт ва ҳамчун субъекти муносибатҳои байналхалқӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо созмонҳои дигари байналхалқию минтақавӣ шомил гардид. Маҳз Истиқлолияти сиёсӣ Тоҷикистонро тавонист дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд ва дар дидгоҳи ҷаҳон ҷой диҳад. Дар баробари чунин манзалат пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди истиқлолияти давлатӣ роҳи басо пурпечутобро дар ин муддати кўтоҳи таърихӣ пушти сар кард. Тоҷикон ба ҳайси миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддун ин раванди таърихиро соҳиб шуда, онро дар шароити нави замонавӣ натавонистанд ба монанди дигар ҷумҳуриҳои собиқ сотсиалистӣ такмилу тақвият бахшанд. 
Зикр кардан бамаврид аст, ки таърихи инсоният дар марҳилаҳои гуногун бо таҳаввулоти зиёд дучор шуда, онро ба таври ба худ хос дар ҳар як кишвар сипарӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, инсоният дар марҳилаҳои тўлонии таърих ба равандҳое низ дучор гаштааст,  ки ҳаёти минбаъдаи онҳоро ҳамин равандҳо муайян кардаанд. Дар байни чунин равандҳо ба андешаи мо, аз ҳама муҳимтарин ваҳдат, созгорӣ, суботи сиёсӣ, бардошт ва ҳамдигарфаҳмӣ бартарии куллӣ дошта, дар тарзи ташаккулёбии шуур, ҳолатҳои равонӣ, инкишофёбии маданияти ҷомеа ва ҳаёти инсоният нақши беандоза мусбӣ бозидаанд. Асоси ваҳдати миллиро бардошт, таҳаммул, сабр ба созиши ҷонибҳо, гурўҳҳои мухталифи бо ҳам омада (яъне, ба ризоияту гузашт ва ба сулҳу салоҳ омада), ташкил додааст. 
Бесабаб нест, ки саромади назми тоҷик, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рўдакӣ асоси ба ҳам омаданҳоро дар гузашту бардоштҳо, таҳаммулу накукорӣ, накуию сулҳ ва сабаби нифоқу низои дохилию беруниро дар носипосию нобахшиданиҳо, сабру тоқат накардан, кибру ғурур, нодонӣ ва гумроҳии инсонҳо дониста, барои наслҳои оянда каломи бузургро ба маънии зерин фармуда буд: 
                        Ҳама наюшаи хоҷа ба некуию ба сулҳ аст,
 Ҳама наюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.
Воқеан, агар ба таърихи гузашта ва умқи қарнҳои сипаришудаи ҷомеаи инсонӣ назар афканем, бароямон маълум мегардад, ки ҳамеша ҳастии инсоният бо тамоми масъалаҳои муҳимми зиндагияш, доираи амалаш доманадор ба ҳисоб рафта, марҳилаи ин ҳастӣ хеле маҳдуд мебошад. Инҷо сухан дар бораи он меравад, ки инсоният дар баробари ба даст овардани чунин муваффақиятҳои беназир, боз ҳаёт ва мамоти худро ҳамеша ва имрўз низ дар чорроҳаи хатари азим ва бесобиқа қарор додааст. Мутобиқ ба маълумоти мавҷуда дар асри XVII зиёда аз 3,3 млн., дар асри XVIII 5,5 млн., дар асри XIX 16 млн. ва дар асри  XX зиёда аз 100 млн. одамон дар натиҷаи ҷангҳои беадолату харобиовар аз байн рафта, ваҳдати халқу миллатҳо халалдор гардида, сулҳу суботи ҳаёти инсониятро ин раванди номатлуб барбод дод ва барои ҳаёти осоишта ва рушди ҷомеаи инсонӣ монеаҳои зиёд эҷод намудааст. 
Андешаҳои мазкурро метавон бо чунин нуктаҳои ибрознамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ менамояд: «…Оташи ҷангҳои хурду бузург лаҳзае хомўш нагаштааст. Сару садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам ҳар рўз ба гўш мерасад ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи замин оғўштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида, садҳо одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд». 
Чунончи маълум аст, таърихи гузаштаи инсоният то ба имрўз ҳамеша дар рўйорў ва кашмокашу талошҳо барои тақсими сарвату муборизаҳои доимӣ дар ҷараён аст. Имрўзҳо низоъҳои хурду бузург дар қитъаҳои гуногуни олами муосир барои ҳимояи манфиатҳои дохил ва хориҷ, қисме аз доираҳои муайян манфиатҳои худро дар дигар сарзаминҳо меҷўянд, ки онҳо бо фарогирии гурўҳҳои хурду бузург ҳудуди оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор мекунанд. Мисоли онро дар таъсисёбии бо ном ДИИШ – яъне, ҳаракати бо ном Давлати Исломии Ироқу Шом ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои мухталиф дидан мумкин аст. Ҳаёти мардуми арабзамин имрўз барои ҳар як инсони солимақл маълум аст. Имрўз инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву ғавғо партофтааст. Фитнаву ғавғои муосир ҳаёти даҳҳо ҳазор одамонро ба гирдоби нобудӣ кашидааст. 
Ба назари ҷонибҳо бархўрду фитнаҳо роҳи ҳалли проблемаҳои муосир нестанд ва танҳо идеологияи бардошт ва таҳаммул, ваҳдати воқеӣ ва сулҳи солим, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугўйҳои тамаддунҳо метавонанд ба аз байн бурдани кашмакашу низоъҳои мавҷуда заминаи муфид бунёд кунад ва барои наслҳо имрўзу оянда ҳаёти озод аз нифоқу низоъро таъмин намояд. Лозим медонем, ки аз гузаштаи на чандон дури таърихи давлатсозиамон ёдовар шавем, ки он имрўз барои насли наврасу ҷавон дарси панд ва ибрат мебошад. Истиқлолияти давлатӣ, ки 25-умин солгарди он соли равон таҷлил карда мешавад, аз чор як ҳиссаи асри ХХI -ро ташкил медиҳад ва барои мо дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, насибамон гаштааст. 
Аммо  мо машғули митингу гирдиҳамоиҳо шуда, ба нима кардани ҳуқуқи сиёсиамон, талабҳои бунёд накардани НБО-и Роғун, заводи аккумуляторбарорӣ дар шаҳри Кўлоб, сохтмони навбати дуюми заводи нуриҳои азотии Вахш, баста шудани заводи алюминии тоҷик, зиёновар ва кишт накардани тамокупарварӣ ва пахтакориро кардем. Ба қавли шодравон Лоиқ «соҳиби сарчашма бошему ташна» ва «соҳиби ганҷина будаву абтар» мондем ва дар вақташ ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб карда натавониста, аз гиребони якдигар гирифтем. Маҳз аз ноаҳлии баъзе аз ҳамватанон ва ҳизбу ҳаракатҳову душманони давлати тозаистиқлол дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии дохилӣ сар зад ва барои кишвару миллати тоҷик рўзҳои вазнинро ба бор овард. 
Шукр аз он мекунем, ки ба бахти миллату мардуми сарзамини мо фиристодагон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ миллатро аз марги парокандашавӣ ва давлатро аз нобудшавӣ наҷот бахшида, хиштҳои боэътимоди давлати тозаистиқлолро гузоштанд, ки дар он нақши Сарвари ба тозагӣ интихобшудаи давлат Эмомалӣ Раҳмон кам набуд. Вале, ин раванд ҳоло оғози бунёди давлати навин ва марҳилаи аввали ҷонбозиҳо барои сулҳу ваҳдат дар кишвар буд. Изҳороти Сарвари ҷавони тоҷикон «Ман ба Шумо сулҳ меоварам…,» аз қалби пур зи садоқату самимият дар дидаи саршор аз умеду орзуи миллионҳо одамони аз ҷанг баҷонрасида аввалин умедҳои бебозгаштро бедор кард, ки он низ хиштҳои аввалин барои пойдевори устувори ВАҲДАТ ва СУЛҲ буд. 
Сулҳу ваҳдат бо машаққатҳои зиёди бемислу монанд ба ҷомеаи ҳамон замони тоҷикистониён ворид шуд. Сулҳ бо хўрдани хуни дилҳо ба даст омад. Агар шоири шаҳиру зиндаёд, ҳомии сулҳу ваҳдати халқҳои Осиё ва Африқо, фарзанди баруманди тоҷик Мирзо Турсунзода навиштани «суруди сулҳро бо хуни дил» ёдрас карда бошад, фиристодагонамон ба даст овардани сулҳро бо «тапишҳои беором ва рўзафзуни дил» бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои кишварамон армуғону туҳфа оварданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки сулҳи тоҷикон дар асри ХХ дастоварди беназир маҳсуб гашта, барои давлатҳои гуногуни олам дарси ибрату омўзиш ва мавриди истифода ба ҳисоб меравад. Ин санади ҳаётан муҳим роҳи душвор ва ноҳамворро дар муносибатҳои қувваҳои бо ҳам мухолифи байни тоҷикон пушти сар кард. Расидан ба сулҳу сафо ва ваҳдати миллӣ фосилаи тўлонӣ, пурмашаққат, омили асосӣ, хост ва иродаи миллат буд. 
Сулҳ ва имзои он - оғози ваҳдат ва ба ҳам омаданҳо, даст кашидан аз ҳама гуна худкушӣ ва худкомагиҳо, рў овардан ба муттаҳадию  ҳамдигарфаҳмӣ дар оғози бунёди давлати навин ва соҳибистиқлол ба шумор меравад. Аммо истиқлолият ва ваҳдату сулҳ падидаҳоеанд, ки онҳоро ҳифз мебояд. Раванди ҳаёт худ собит намуд, ки барои нигоҳ доштану тақвият бахшидани он чӣ қадар заҳматҳо мебояд кашид ва онҳо дар баробари рушди иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт то чӣ андоза дастовард ва нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр кард, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гунна муносибатҳои мусбӣ дар ҷомеаи ба ҳисоб мераванд. Воқеан, истиқлолият ва сулҳу ваҳдат дастоварди бемислу монанд дар таърих ва собиқаи давлатдории тоҷикон сабт гардидааст. Дастоварди бузургтарини кишвар барои  имрўзиёну ояндагон, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст. 
Ваҳдату сулҳ низ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ иқтидор пайдо карда метавонад, агар он дар таҳдоби худ мустаҳкам бошад. Асоси ҳама гуна низоъ ва нифоқро идеологияи ваҳдатсоз ва сулҳофар метавонад барҳам занад. Аммо дар ҷаҳон чунин идеологияи ваҳдатсоз ва сулҳофар камтар мушоҳида мешавад ва навъҳои гуногуни идеологӣ, аз ҷумла, идеологияи фашистӣ ва неофашастӣ низ арзи ҳастӣ кардаанд.  Фарқияти идеологӣ, гўё имрўз зиддиятҳоро ба вуҷуд овардааст ва воқеан ҳам, чунин аст. Лекин имрўз идеологияи таҳаммулу бардошт барои аксари аҳолии кураи замин ваҳдату сулҳ, ягонагӣ ва ҳамраъйӣ, баробарии нисбӣ сабру тоқатро пешниҳод намудааст. «Фарқияти идеологӣ дар назди тамоми халқҳои қитъаи мо, пеш аз ҳама, дар назди Тоҷикистон вазифаҳои таҳкими низоми нави муносибатҳои байналхалқиеро мегузорад, ки таҳаммул ё бардошти сиёсӣ нисбат ба ҳамдигар асоси онро ташкил медиҳад. Таҳаммули сиёсӣ, аллакай, имрўз тадриҷан ба вуҷуд омада истодааст, вале он бояд ҳамаро мисли як воҳиди том фаро гирад»( Эмомалӣ Раҳмон. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI. Дар кит. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат.Ҷилди сеюм. – Душанбе: «Ирфон», 2002, 512 с. – С.469.).  
Сулҳу саодати миллӣ роҳи расидан ба ҳамбастагии миллӣ, оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили калидии рушди ҷомеаи муосири мо мебошад. Имрўз ҳифз, таъмин ва такмили сулҳу рифоҳи миллӣ бояд ба яке аз вазифаҳои умдаи табақаҳои гуногуни ҷомеа табдил ёбад. Зеро мафкураи ҳифзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ба мафкураи ягонагии миллӣ ва рушди миллӣ дар оянда  бояд бо ҳам ҳамоҳанг бошанд. Ҳифз ва таъмину такмили сулҳу ваҳдати миллӣ дар шакли як шиори таблиғотию ташвиқотӣ ва ташкилӣ аз имкон берун аст. Он диққату  ғамхорӣ, такмилу тақвияти ҳамешагиро тақозо мекунад.  Лозим ба тазаккур аст, ки таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ бояд аз ҳар гуна зарбаҳо ва олоишу ҳуҷумҳои муғризонаи бадхоҳонаш ҳифзу ҳимоя гардад. Ғояи фарҳанги сулҳофарӣ ва ваҳдати миллиро имрўзҳо баъзе аз созмонҳо, ҳаракатҳо ва ҳизбҳо ҳамчун шиори марҳилавӣ  пиндошта, умри онро ба охиррасида меҳисобанд.
Чӣ тавре  маълум аст, то имрўз дар васоити ахбори умум баъзе хабарҳои пур аз ғараз ба гўш мерасанд ва дастовардҳои дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаро баҳоҳои муғризона медиҳанд, то вазъи сиёсии мамлакатро ноором созанд. Вале мо бо боварии комил мегўем, ки халқи зираку ҳушёри Тоҷикистон дигар ба чунин дасисаҳо роҳ намедиҳанд ва ваҳдату сулҳи ба даст овардаи мо бебозгашт буда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Агар мақсад бунёди ҷомеаи пешрафта бошад, барои ҳама гуна ҳаракату созмонҳо аз таҳаммулу ҳамкориҳои судманд ва пешниҳоди барномаи рушд дида василаи беҳтару хубтаре  нест. Ҳамкориҳо ва ҳамоҳангӣ дар пешравию  рушди сулҳу фаҳдати миллӣ арзиши воло барои ҳар як ҳизбу созмон ва ҳаракат дар дохил ва хориҷ ба сифати падидаи муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҳаракатҳо ва гурўҳҳои майли тундгароидошта  дар дохили  кишвар ва берун аз он ба маркази хатар табдил ёфта, таҳдид ба сулҳу созгорӣ ва ваҳдату суботи кишвар мекунанд. Мутаассифона, дар гирдоби таблиғу ташвиқи чунин гурўҳҳо наврасон ва ҷавонон меафтанд. Маълум мешавад, ки то ҳол кўшишҳои дохилӣ ва хориҷии халалдор намудани ваҳдат дар кишвар вуҷуд дорад. Воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе мисоли равшани аз дохил вайрон кардани самти пешравии ҷомеа мебошад. Чаро чунин амалҳо дар ҷомеаи имрўза ба амал меоянд ва чунин саволҳо имрўзҳо одамони зиёдро ба ташвиш овардааст. 
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба муқобили ҳар гуна заъфи тафаккур тадбирҳои мушаххас андешем. Илова бар ин миллати мо бояд пешоҳангу пешбари ваҳдат, субот ва риояи принсипҳои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Барои татбиқи чунин амал миллати тоҷик ба сифати соҳибдавлат метавонад ин рисолатро ба уҳда дошта бошад ва дигар ақаллиятҳоро дар атрофи мақсадҳои ҷомеасозӣ ва мубориза бар зидди дахолати хориҷии мазҳабӣ, динию ифротӣ роҳандозӣ намояд. 
Метавон гуфт, ки миллати соҳибтамаддун ҳама гуна нобасомониҳоро метавонад аз дохили миллат берун бибарад. Миллати номдор ё ин ки таҳҷоӣ дар ҳар сурат бояд дар гирду атрофи хеш дигар ақаллиятҳо ва бошандагони Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ҳувияте барпо намояд, ки боиси рушду ифтихор гардад. Дар ин сурат ҳар гуна дахолати хориҷию мазҳабӣ, динию ифротгароӣ наметавонад мақсадҳои ғаразнокеро дар кишвари мо амалӣ гардонанд - иброз доштааст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Итминон аст, ки миллати тоҷик рисолати дар атрофи худ муттаҳид намудани ақаллиятҳои миллӣ ва тамоми бошандагони Тоҷикистонро ба ҷо оварда, минбаъд дар иҷрои мақсадҳои дар назди худ гузоштаи роҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати бунёди давлати соҳибистиқлол, демократии дунявӣ ва ягона аз тамоми имкониятҳои дохилӣ ва берунӣ истифода менамояд, сулҳу ваҳдатро дар қаламрави мамлакат устувор нигоҳ медорад.
А. Муҳабатов
Н. Шаъбонов
www.dmt.tj