Мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн
Нашр шуд. Пан, 23/06/2016 - 16:45
Нимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки муносибот дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай имкониятҳоро баҳри густариши ҳамкории судманд ва созандаи бисёрҷонибаю минтақавии давлатҳо афзуну фарохтар хоҳад гардонд.
Сарони давлатҳо инчунин ҷонибдории худро оид ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки то имрӯз ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст, баён намуданд.
Масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои муҳими энергетика ва нақлиёту транзит, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, баррасӣ гардида, оғози сохтмони лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи СASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ҳамкорӣ руйдоди муҳим маънидод карда шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз зарфиятҳои бузурги мавҷуда имкон аст, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ солҳои наздик то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҷомеа, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуд.