Мулоқоти Пешвои милллат бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ
Нашр шуд. Пан, 23/06/2016 - 17:20
Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карда, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, “мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистони бародар мебошем ва онро гарави амнияти пойдор дар Тоҷикистон ва кулли минтақа медонем”.
Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба, ки марҳила ба марҳила мазмуни амиқтарро касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои ба ҳар ду ҷониб судовар фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.
Тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки хусусияти умумиминтақавӣ ва ҳатто глобалӣ доранд, зарур шумурда шуд.
Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ду кишвари ба ҳам ҳамсояву бародар бар асари талошҳои муштарак дар роҳи рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.