Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Шуғнон
Нашр шуд. Якш, 26/06/2016 - 10:11
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз кулли мардуми шарафманду равшанзамири ноҳияи Шуғнонро ба ифтихори биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон, ки мулоқоти мо дар давраи омодагӣ ба ин ҷашни бузурги таърихӣ доир гардида истодааст, инчунин ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу саодатмандӣ ва ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ азму иродаи қавӣ мехоҳам.
Сокинони ноҳия хуб дар хотир доранд, ки мо соли гузашта бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти аҳолии зарардида ба дидорбинии онҳо омада будем.
Офати табиии тобистони соли гузашта рухдода ба аҳолии ноҳияи Шуғнон ва сокинони дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороти зиёди молӣ расонида, ҳатто боиси ба ҳалокат расидани чанд нафар одамон гардид.
Ҳамагӣ бар асари офати табиӣ ба иқтисодиёти ноҳияи Шуғнон ба маблағи беш аз 62 миллион сомонӣ зарар расонида шуд.
Худи ҳамон рӯзҳо бо супориши Роҳбари давлат ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва таъмини саривақтии аҳолии зарардида бо манзил ва асбобу лавозимоти аввалиндараҷаи рӯзгор чораҳои фаврӣ андешида шуда, дар як муддати кӯтоҳ манзилҳои замонавии истиқоматӣ қомат афрохтанд ва дигар корҳои барқарорсозиву ободонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Офати табиӣ ба 82 манзили истиқоматии сокинони деҳоти Барсем ба маблағи умумии беш аз 15 миллион сомонӣ зарар расонид.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои сохтмони хонаҳои харобшуда ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматии зарардида 24 миллион сомонӣ равона гардида, ҳоло ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ пурра барқарор карда шудаанд.
Мо имрӯз мушоҳида кардем, ки дар натиҷаи чораҳои сари вақт амалигардида ва умуман ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар солҳои охир симои ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас тағйир ёфта, боз ҳам зебову ободтар гардидааст.
Бахусус, қомат афрохтани биноҳои нав, вусъати корҳо дар иншооти сохташаванда, бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда, фаъолияти муназзами коргоҳҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ далели возеҳи тадриҷан ба мавзеи ободу пешрафта мубаддал гардидани ин гӯшаи ватани маҳбубамон, яъне ноҳияи Шуғнон мебошад.
Мо имрӯз дар маркази ноҳия санги асоси Қасри фарҳангро гузоштем, ки дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, ба хизмати фарҳангиён ва мардуми ноҳия супорида мешавад.
Дӯстони азиз!
Дар қаламрави ноҳияи Шуғнон тайи 25 соли истиқлолияти давлатӣ дар асоси барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ корҳои зиёди созандагӣ амалӣ гардидаанд ва ҳоло бо итминон изҳор медорам, ки ин раванди нек бо иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаи сокинони заҳматкаши ноҳия ва дастгирии Ҳукумати кишвар минбаъд низ идома пайдо хоҳад кард.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмини тараққиёти ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, инчунин тавассути ҷалби имкониятҳои соҳибкорон 630 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.
Дар ин давра ба ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои бунёду барқарорсозии иншооти гуногун ва роҳҳои дохилӣ, дастгирии бахшҳои иҷтимоӣ, рушди кишоварзӣ ва кумак ба буҷети ноҳия беш аз 270 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Умуман, маблағгузории буҷети ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар давраи зикршуда 13 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон бо ин, тайи ин муддат дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 119 миллион сомонӣ иҷро гардида, беш аз 138 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, дармонгоҳу шифохона ва марказҳои саломатӣ сохта шудаанд ва бунёд гардидани чандин иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва наҳрҳои обрасон ба хеле ободу пешрафта гардидани ноҳия мусоидат кардаанд.
То ба имрӯз шаҳраки зебову хушсохти Ваҳдат, яъне маркази маъмурии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд гардида, дар деҳоти Навобод мактаби нави рақами 28 барои 460 нафар хонанда бо толори варзишӣ, ҳамчунин беморхонаи марказии ноҳия ва манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Хусусан, сохта, ба истифода додани биноҳои муосири нозироти андозу молия, шӯъбаи ноҳиявии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзиливу коммуналӣ”, шӯъбаҳои кишоварзӣ, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, корҳои дохилӣ, суд, прокуратура, амният, суғурта, омор, кашидани хатти оби нӯшокӣ барои маркази ноҳия, шабакаи обрасонии Мун–Сижд ва литсей дар деҳаи Навобод аз ҷумлаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва натиҷаи заҳмати шабонарӯзии сокинони заҳматпешаи ноҳия ба шумор меравад.
Соли гузашта мо дар деҳаи Боғеви ноҳия бо сарфи 13 миллион сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ аввалин корхонаи коркарди ордро дар вилоят бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ва ду анбор барои нигоҳдории шаш ҳазор тонна ғалла ва ҳазор тонна орд ба истифода супоридем.
Корхонаи зикршуда имрӯз талаботи мардуми вилоятро бо орди истеҳсоли маҳаллӣ пурра таъмин карда истодааст ва даҳҳо нафар аҳолӣ дар он машғули кор мебошанд.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорие, ки дар ҳудуди ноҳия татбиқ гардидаанд, то имрӯз 80 миллион сомонӣ аз худ шудааст ва татбиқи чандин лоиҳаи дигар идома дорад.
Лоиҳаҳои сармоягузории зикршуда барои таъмин намудани тараққиёти соҳаи кишоварзӣ, инфрасохтору иҷтимоиёт ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони ноҳия сафарбар гардидаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти саривақтии маошу нафақа ва дигар уҳдадориҳои иҷтимоии давлатиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, тавассути дастгирии буҷети маҳаллӣ барои таъмин намудани шароити зиндагии ҳарчи беҳтари сокинони кишвар, аз ҷумла аҳолии ноҳияи Шуғнон ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.
Бо ин мақсад, дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия беш аз 36 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, дастгириҳои молиявии давлатӣ низ сол ба сол зиёд гардида, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таъмиру бунёди иншооти гуногун, инчунин як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд.
Ҳоло дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2016-2020 татбиқи 148 лоиҳа ба маблағи умумии 263 миллион сомонӣ идома дорад.
Ҳадафи асосии барномаи мазкур дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ тараққӣ додани соҳаҳои воқеӣ, аз ҷумла бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ноҳия мебошад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷараёни татбиқи барномаи зикршударо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо барои рушди иқтисодиёти ноҳияи Шуғнон ҳамасола зиёд гардида истодааст.
Танҳо дар соли 2015 маблағи қарзи ба соҳибкорон ва аҳолӣ додашуда 30 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2014-ум 22 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон бояд кард, ки барои пешрафту тараққиёти ноҳия имконияту воситаҳои истифоданашуда, махсусан дар самти рушди соҳибкории истеҳсолии хурду миёна ҳанӯз хеле зиёданд.
Яъне сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолияти худро доир ба дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон тақвият бахшида, монеаҳои дар ин самт ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.
Соли 2015 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 31 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2000-ум 28 баробар зиёд мебошад.
Дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми корхонаҳои истеҳсоли орд, коркарди сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти дӯзандагӣ ва нерӯи барқ назаррас аст.
Танҳо нерӯгоҳи барқи обии “Помир-1” ҳамасола зиёда аз 112 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол намуда, аҳолии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошимро пурра бо нерӯи барқ таъмин мекунад.
Ба истифода супоридани нерӯгоҳи барқи обии хурд дар деҳаи Сохчарви деҳоти Ширинҷонов, ки соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, боиси боз ҳам беҳтар гардидани таъминоти аҳолии ноҳия бо қувваи барқ хоҳад гардид.
Дар ин раванд, роҳбарону масъулонро зарур аст, ки барои тараққиёти соҳаи саноати ноҳия ва бо дарназардошти фаровон будани ашёи хоми маҳаллӣ ба азнавсозии технологии корхонаҳои мавҷуда аҳаммияти махсус зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва бунёди корхонаҳои ба коркарду истеҳсоли маҳсулоти тайёр нигаронидашуда вазифаи муҳимтарини Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба шумор меравад.
Возеҳ аст, ки барои ноҳияҳои кӯҳистон роҳҳои мошингард воситаи асосии интиқоли молу маҳсулот ва рафтуомади одамон маҳсуб мешаванд.
Имрӯз аз қаламрави ноҳияи Шуғнон қариб 350 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ убур мекунанд, ки қариб 30 фоизи онҳо ба таъмиру таҷдид ва барқарорсозӣ эҳтиёҷ доранд.
Бо вуҷуди ин, соли гузашта бо кӯшишу заҳмати кормандони соҳаи нақлиёти ноҳия ҳаҷми боркашонӣ ва мусофикашонӣ дар муқоиса бо соли 2000-ум мутаносибан 5 ва 9 баробар зиёд анҷом дода шудааст.
Аз ин рӯ, роҳбарони Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳозирини арҷманд!
Саҳми сокинони ноҳияи Шуғнон дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят хеле назаррас буда, тибқи маълумоти оморӣ онҳо қариб 20 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоятро истеҳсол мекунанд.
Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, соли 2015 маблағи 116 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 7 баробар ё беш аз 100 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия, махсусан, соҳаҳои ғаллакориву картошкапарварӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва чорводориву парандапарварӣ мунтазам тараққӣ карда, истеҳсоли мева – 11 баробар, картошка – 10, сабзавот беш аз 5 баробар ва ғалладонагиҳо қариб се баробар зиёд шудааст ва саршумори чорвои калон низ хеле афзоиш пайдо кардааст.
Айни замон дар самти азхудкунии заминҳои нав ва бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ноҳия як қатор тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.
Соли ҷорӣ дар мавзеи Сижди деҳоти Навобод дар масофаи сеюним километр шабакаи обрасонӣ бунёд карда шуд, ки тавассути он беш аз 52 гектар заминҳои нав азхуд гардида, дар ояндаи наздик ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам меорад.
Вале дастоварду нишондиҳандаҳои зикршуда ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд, зеро афзоиши аҳолӣ ва торафт зиёд шудани талабот ба маҳсулоти ғизоӣ моро водор месозад, ки аз имкониятҳои истеҳсолии мавҷуда ҳарчи пурраву самаранок истифода кунем.
Аз ин рӯ, роҳбарону масъулон ва мутахассисони соҳаро зарур аст, ки доир ба азхудкунии заминҳои нав, истифодаи самараноки заминҳои корам, васеъ намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво, инчунин ҷорӣ кардани усулҳои наву муосири пешбурди соҳа чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, бори дигар роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор месозам, ки ҷиҳати зиёд намудани саршумори чорво, аз ҷумла қутос, занбӯри асал ва дастрасии хоҷагиҳо ба қарзҳои имтиёзнок тадбирҳои муассир андешанд.
Дар доираи Барномаи давлатии беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020 то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шаш маҳалли аҳолинишини ноҳия ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони маҳалҳои боқимондаи аҳолинишини ноҳия чораҷӯӣ карда шавад.
Тайи солҳои истиқлолият дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон 33 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 4600 нафар хонанда сохта, ба истифода супорида шуда, соли ҷорӣ ифтитоҳи боз чор муассисаи таҳсилоти умумӣ ва биноҳои нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Худи ҳамин рӯз мо мактаби навбунёди рақами 11-ро бо 460 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, ки дар он барои таълиму тарбияи фарзандони мардуми ноҳия тамоми шароити замонавӣ муҳайё карда шудааст.
Бо дарназардошти шароити мусоиде, ки барои соҳаи маорифи ноҳия муҳайё шудааст, аз аҳли маориф, фаъолону зиёиён, падару модарон ва аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи наслҳои ояндасози давлату миллат ва дар зеҳну шуури онҳо ривоҷ додани ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо давлату Ҳукумати кишвар амалӣ намудани тадбирҳоро доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дар навбати аввал ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон минбаъд низ идома медиҳад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки вобаста ба дурнамои рушди ноҳияи Шуғнон дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони он иҷрои вазифаҳои муҳим қарор доранд.
Аз ҷумла, дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия нақшаҳо дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ, энергетика, нақлиёту обтаъминкунӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода хеле зиёданд.
Тибқи нақша солҳои наздик бо бунёди корхонаҳои коркарди мева, маҳсулоти чорво, истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи сохтмон садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, шароити зиндагии сокинони ноҳия боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Шуғнон чун ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва фазои орому осудаи Ватан софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд ва диёри худро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил медиҳанд.
Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр дорем ва ҳамеша кӯшиш намоем, ки пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшем, иқтидори иқтисодии онро тақвият диҳем ва тамоми нерӯву имкониятҳоямонро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон сафарбар созем.
Дар интиҳо кулли мардуми боғайрату заҳматкаш, бонангу номус ва соҳибмаърифату фарҳангдӯсти ноҳияи Шуғнон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки фардо фаро мерасад ва ҷашни бузурги 25 - солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон самимона табрик гуфта, ба ҳар якатон рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!