Боз як тантанаи дӯстӣ дар варзишгоҳи Хоруғ
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ширкати беҳтарин овозхонон ва гурӯҳҳои ҳунарии ҷумҳурӣ консерти бошукӯҳ баргузор шуд, ки дар он бештар аз 10 ҳазор тамошобин ширкат намуданд. Дар рӯзи 27 июн дар ин варзишгоҳ барномаи адабӣ-мусиқӣ доир гашт, аммо бо сабаби камбуди ҷой аз нисф бештари мухлисон натавонистанд ба дидори ҳунармандони писандидаи худ бирасанд. Бинобар ин, Пешвои миллат дар хотимаи барномаи мусиқӣ- адабӣ ба ҳамаи ҳунармандон дастур дод, ки рӯзи 28 июн ин барномаро такроран ба сокинони шаҳр пешниҳод намоянд.Чун рӯзи аввал ин бор низ варзишгоҳ пур аз тамошобин гашт ва ба қавли мардум ҷои сӯзанпартоӣ намонд.
Яке аз овозхонони шинохтаи кишвар Муҳаммадрофеъ Кароматулло гуфт, ки: «Борҳо рӯи саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ намудам, аммо ин гуна истиқболи самимӣ, кафкӯбӣ ва ҳамовозии мухлисонро дар ҳеҷ ҷои дигар надида будам. Хеле хушҳол ҳастем, ки тамошобинони мо аз майдони ҳунар бо шодию хурсандӣ берун шуданд. Агар фурсат даст диҳад, мо минбаъд бештар ба Бадахшон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳем».
АМИТ «Ховар»