Аз Паём: Рушди технология дар Ҷумҳурӣ
Нашр шуд. Ҷум, 03/02/2017 - 18:27
Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
Дар баробари ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд…
Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд.
Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд.
Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон