Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъйин шуд
Нашр шуд. Душ, 13/03/2017 - 14:57
Имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинзода ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора баргузор шуд.
Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён Аюбҷон Саъдуллозода, роҳбари собиқи идора, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъйин гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки Мунира Раҳимова аз кадрҳои соҳибтаҷриба буда, солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.