Таваҷҷӯҳ: Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Тоҷикистон ба маҳвораи нав мегузаранд

Ба таваҷҷуҳи тамошобинони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати шартномаи пахш дар моҳвораи ABS-2, ҳамзамон заруриати ҷойгир намудани телевизионҳои навтаъсиси "Варзиш" ва "Синамо" дар моҳвора бо пахши дақиқияташ баланд (HD) бо ширкати "Yahlive" ва "Yahsat" қарордод ба  имзо расонида шуд.

Дар маҷмуъ, ин 2 моҳвора наздики 30 давлати дунёро пурра ва 17 давлати дигарро қисман фаро гирифтаанд.
    Шуруъ аз 30 марти соли 2017 дар  моҳвораҳои NSS 12 ва Yahsat 1a пахши босифати шабакаҳои телевизионии "Тоҷикистон", "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо", "Варзиш" ва "Синамо", инчунин, шабакаҳои радиоии "Тоҷикистон", "Садои Душанбе", "Фарҳанг" ва "Овози Тоҷик" таъмин мегардад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки бо мақсади боз ҳам беҳтари шабакаҳои миллӣ дастгоҳхои мавҷқабулкунандаи худро бо моҳвораҳои нав мутобиқ намоед. Дар вақти гушариш ба моҳвораҳои нав танҳо мушахассоти техники иваз мешавад

Моҳвора  NSS12  57°E

Моҳвора  Yahsat 1a52,5°E

Басомад: 11566 МГс

Басомад: 11785 МГс

Поляризатсия: уфуқї (Н)

Поляризатсия: уфуқї (Н)

Суръати символї: 10750 Мсим/с

Суръати символї: 27500 Мсим/с

FEC: ¾

FEC: ¾

Модулятсия: 8PSK

Модулятсия: 8PSK

Телефонҳо барои тамос:
2216093
2213796