Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ
ИТТИЛООТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Бо мақсади муайян кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ, ташаккул ва рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иттилоот, таъмини ташаккул ва инкишофи фазои ягонаи иттилоотӣ-фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии ягонагии сиёсӣ ва маънавии аҳолии ҷумҳурӣ, муҳайё сохтани заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва техникию технологии воридшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ дар асоси моддаи 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон


Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:


1. Консепсияи сиёсати иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Консепсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешад ва дар мўҳлати шаш моҳ лоиҳаи Барномаи татбиқи Консепсияи давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ИТТИЛООТИИ
ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2008-2012


Дар шароити ҷаҳонишавии иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодию иттилоотӣ ва минтақабандии он, ки шаклҳои беш аз пеш ҳушдордиҳандаи таъсири иттилоотиро касб мекунад, зарурати ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, таъмини амнияти он аз тариқи таҳияи ҳуҷҷати консептуалии муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар ин соҳа - косепсияи сиёсати давлатии иттилоотиро тақозо дорад.
Сиёсати иттилоотии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатии хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти низоми мақомоти ҳокимияти давлатиро дар соҳаи иттилоот муайян менамояд.
Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муносибати расмии давлат ба мақсаду вазифа ва усулу самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи иттилоот мебошад.
Консепсия мақсаду вазифа ва объектҳои сиёсати давлатии иттилоотӣ, инчунин самтҳои асосӣ ва тадбирҳои амалӣ намудани онро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 муайян менамояд.
Консепсия ба таъмини идоракунии босамари давлатӣ бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию таҳлилии муосири дастгирии қабули қарорҳои идоракунӣ, рушди иқтисодии устувор, афзалиятнокии манфиатҳои давлатӣ ва амнияти миллӣ равона карда мешавад.
Заминаи ҳуқуқии Консепсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоотикунонӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳимояи иттилоот», «Дар бораи имзои электронӣ-рақамӣ», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди технологияҳои иттиолотию комуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, ки соҳаи иттилоотӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунанд, ташкил менамоянд.
Объектҳои сиёсати иттилоотӣ муносибатҳои иттиолотии ҷамъиятӣ ё муносибатҳои байни субъектҳое, ки ба манфиати шахсият, ҷомеа ва давлат ба ҷамъоварӣ, ташаккул, таҳлил, интишор ва истифодаи иттилоот машғуланд, яъне воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва амнияти иттилоотӣ мебошанд.
Субъектҳои сиёсати иттилоотӣ сохторҳои ҳокимият, ташкилоту иттиҳодияҳои сиёсӣ, касабавӣ ва эҷодӣ, соҳибони масмедиа ва ғайра мебошанд. Субъекти асосии сиёсати иттилоотӣ мардуми Тоҷикистон аст.
Консепсия ба эъмор ва рушди сиёсати иттилоотии гуфтугуӣ ва роҳ надодан ба сиёсати томгароӣ ва найрангбозӣ равона карда мешавад.


МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ КОНСЕПСИЯ

Сиёсати давлатии иттилоотӣ масъалаҳои марбут бо фаъолияти воситаҳои ахбори омма, унсурҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва созмонҳо ба иттилооти дастраси ҳамагон, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи амнияти миллиро дар бар мегирад.
Сиёсати давлатии иттилоотӣ маҷмўи тадбирҳои давлатии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ташкилиест, ки ҳадафи он таъмини ҳуқуқи конститутсионии дастёбии шаҳрвандон ба иттилоот мебошад. Он манфиатҳои шаҳрвандон, созмону ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратиро инъикос менамояд ва ба инобат мегирад.
Консепсия ба эътирофи асли баробарии манфиатҳо, яъне ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иттилоотӣ, сарфи назар аз мақомашон дар ҷомеа ва шакли моликият, усули самтгирии иҷтимоӣ ва афзалиятнокии мафкураи иҷтимоӣ ва ҳуқуқ асос ёфтааст.
Ҳадафи стратегии дарозмуддати сиёсати иттилоотӣ бунёди ҷомеаи демократии иттилоотӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад.
Сиёсати иттилоотӣ вазифаҳои гузариши ҷомеаи Тоҷикистонро ба марҳилаи сифатан нави идоракунӣ аз тариқи таъмини ҳамаи иштирокчиёни сиёсати иттилоотӣ бо иттилооти саривақтӣ, пурра ва муътамад, инчунин бо роҳи ислоҳоти пайвастаи истеҳсолоти иттилоотӣ дар сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳаллу фасл менамояд.
Сиёсати иттилоотӣ ин қобилият ва имконияти таъсиррасонии субъектҳои ҳамин сиёсат ба шууру зеҳни одамон, рафтору фаъолияти онҳо тавассути иттилоот ва ба манфиати давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Самтҳои стратегии сиёсати давлатии иттилоотӣ чунинанд:
- ташкил, рушд ва таъмини амнияти захираҳои давлатии иттилоотӣ;
- истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ ва дар идораи низомҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра;
- ташкил, ҳимоят ва такмили имиҷи Тоҷикистон аз тариқи истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ;
- ҳифзи манфиатҳои иттилоотии давлат, таъмини амнияти иттилоотии давлат, дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, таҳдидҳо ва амалиёти дигар, бартарафсозии онҳо;
- воридшавӣ ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ.
Вазифаҳои афзалиятноки давлат дар татбиқи Консепсия инҳоянд:
- ташкили низоми муассир ва такмили идоракунии давлатии захираҳои иттилоотӣ;
- таъмини ниёзҳои иттилотии ҷомеа ва афрод;
- ташкили заминаҳои иттилоотии рушди иҷтимоии устувор ва босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ бо роҳҳои зерин ҳаллу фас карда мешаванд:
- иттилоотикунонии сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмону муассиса ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият;
- ташкил ва истифодаи самараноки захираҳои давлатии иттилоотӣ ва таъмини дастёбии васеъ ба онхо, инчунин таъмини шаҳрвандон ба иттилооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ;
- рушди воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва дорои самтгирии иҷтимоӣ;
- такомули заминаи меъёрию ҳуқуқии бунёди ҷомеаи иттилоотӣ.
Заминаи идоракунии иттилоотии давлат ва бунёди ҷомеаи кушодаро захироти иттилоотӣ, яъне маҷмўи маълумоте, ки дар раванди рушд ва фаъолияти амалии одамон барои истифодаи гуногунҷанбаи он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва идоракунӣ андўхта мешавад, ташкил менамояд. Захироти иттилоотӣ ҳамчун захироти моддӣ иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии давлатро муайян менамояд. Захироти иттилоотӣ такрористеҳсолшаванда буда, метавонад объектҳои воридоту содирот, рақобат, инчунин объектҳои экспансияи сиёсӣ ва иқтисодӣ бошад.
Захироти иттилоотӣ, чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ, унсури таркибии амвол буда, метавонад дар моликияти шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилот ва иттиходияҳои ҷамъиятӣ бошад.
Сохтани стратегияи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ аз таҳлили вазъи воқеии захироти иттилоотии вобаста ба заминаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии давраи гузариш бармеояд ва дорои хусусиятхои зерин мебошад:
- ба ниёзҳои ҷомеа мувофиқ набудани сатҳи рушди инфраструктураҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- мавҷуд набудани маблағгузории захироти иттилоотии маҷуда ва бунёди захироти иттилоотии ҷадид;
- вуҷуд надоштани саноати истеҳсоли воситаҳои техникӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ, вобастагии бозори иттилоотию комуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои техникии инҳисороти ҷаҳонӣ ва бад-ин сабаб ташкили заминаи маҳаллии васли таҷҳизоти электронӣ, аз ҷумла комютерҳо, аз ҳисоби қисмҳои воридотӣ;
- сатҳи баланди инҳисоришавии соҳаҳои алоқа, хизматрасонии интернетӣ ва воситаҳои ахбори оммаи чопӣ;
- номукаммал будани низомҳои омўзиши мутамарказ ва ташаккули афкори омма тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- таҳия нашудани заминаи ягонагии ҳуқуқию сематникии фазои иттилоотӣ;
- сатҳи нокифояи муҷаҳҳазгардонии иттилоотию коммуникатсионии мақомоти идоракунии давлатӣ;
- густариши ҳанўз ҳам мушоҳидашавандаи воситаҳои техникии сертификатсиянашуда ва воситаҳои барномавии иҷозатноманадошта;
- вуҷуд надоштан ё рушди заифи шабакаҳои локалӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ.
Хусусияти вазъи кунунии захироти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи пасти рушд ва дар марҳалаи андўхтан, танзим ва ташаккул қарор доштани онҳо мебошад. Базаҳои маълумоти мавҷуда, маҷмўаҳои иттилоотии электронӣ, хазинаҳои китобхонаю бойгониҳо ва ғайра аз маҳсулоти барномавии аз хориҷа дарёфшуда дар асоси барномаҳои мутобиқгардонидашуда бунёд шудаанд. Дараҷаи истифодаи захироти иттилоотӣ барои таъминоти ниёзҳои ҷомеаи Тоҷикистон бо сабаби арзиши хеле зиёди захироти тиҷоратӣ барои истифодаи оммавӣ, вуҷуд надоштани дастгоҳи маълумотдиҳӣ ва васоити раҳнамоии захироти иттилоотӣ ва ғ. ниҳоят дар сатҳи паст қарор дорад.
Яке аз шартҳои зарурии инкишофи фазои иттилоотӣ компютерикунонии оммавӣ (хонагӣ) мебошад, ки имконияти густариши фазои иттилоотӣ ва дастёбии густарда ба захироти иттилоотиро таъмин намуда, заминаи гуфтугўи аҳолиро бо ҳокимият фароҳам меоварад.
Гузариши Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин гуногунандешии сиёсӣ ниёзҳои хеле бузурги иҷтимоӣ ба иттилооти оммавиро ба вуҷуд меоваранд.
Сиёсати иттилоотӣ ба табақаҳои васеи аҳолӣ кафолати расидан ба иттилооти воқеӣ оид ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ, ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, санад ва меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсии шаҳрвандон, ҳамчунин робитаи мустақим ва мутақобилаи байни ҷомеа ва мақомоти ҳокимиятро таъмин менамояд.


РОҲҲОИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ


Татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ аз хусусиятҳои мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Дар Тоҷикистон бозори технологияҳо, маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотию коммуникатсионӣ тадриҷан ташаккул ёфта, шумораи компютерҳои шахсӣ ва муштариёни шабакаҳои кушодаи ҷаҳонӣ меафзояд. Шабакаи миллии алоқа ва шабакаи моҳворавӣ бо суръат вусъат меёбад ва таъминоти аҳолӣ бо воситаҳои мобилии алоқа ҷорӣ мешавад. Иттилоотикунонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши бонкӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, алоқа ва маориф идома меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз маблағҳои кофӣ ва имконияти истеҳсолӣ барои тавлид ва рушди мустақили инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионии миллиро дар ихтиёр надошта, бо ин сабаб техникаю технология ва маҳсулоти барномавии кишварҳои дигарро ҷалб менамояд. Чунин вазъ андешидани чораҳои таъҷилиеро тақозо менамояд, ки ба рушди афзалиятнок ва ҳимояи захираҳои иттилоотии кишвар дар шароити васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ равона карда мешаванд.
Дар раванди татбиқи Консепсияи мазкур оид ба рушди инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияю низомҳои иттилоотӣ ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониии иттилоотӣ танзими давлатӣ нақши асосиро дорад. Танзими давлатӣ самтҳои зеринро дар бар мегирад:
- таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки татбиқи амалисозии муқаррароти асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;
- маблағгузории буҷетии низомҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, таъминоти иттилоотӣ ва захироти иттилотии мақомоти ҳокимият, ҳимояи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии афзалиятнок;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои истехсолкунандаи ватанӣ дар рушди бахши вогузории хизматрасонии иттилоотии гуногунҷабҳа ба аҳолӣ, аз ҷумла ташкил намудани низоми тиҷоратӣ электронӣ, иттилоотикунонии рўзгор ва фароғат;
- андешидани чорабиниҳо ҷиҳати рушди компютерикунонии оммавӣ (хонагӣ) ва амалӣ намудани онҳо;
- мушаххасан муайян намудани ваколатҳо оид ба табиқи сиёсати иттилоотӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидораи маҳаллӣ аз тариқи танзими конунгузорӣ ва меъёрии воситаҳои ахбори омма ва иттилоотикунонӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ташаккул ва рушди фазои иттилоотӣ, аз ҷумла таъин намудани сохторҳои ташкилӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият барои иҷрои ин вазифа;
- ташкили низоми мушоҳидаи (мониторинги) вазъ ва фаъолияти инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионии давлатӣ;
- муайян намудани сиёсати давлатӣ нисбат ба харидории давлатӣ ва истифодаи техника ва маҳсулоти барномавии воридотӣ, интихоби кушода ва озоди технология дар асоси озмун ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои давлатии иттилотикунонӣ;
- ташкил ва рушди низоми мутамаркази давлатии тарбияи кадрҳои илмӣ ва муҳандисӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.

Ташаккули фазои иттилоотӣ компютерикунонии васеи равандҳои коркарди иттилоот дар тамоми соҳаҳои фаъолият ва истифодаи фаъоли низомҳои коммуникатсионии мубодилаи иттилоотиро талаб мекунад.
Зарурати қонеъ гардондани ниёзҳои иттилотии давлат ва ҷомеа мақоми махсуси воситаҳои ахбори оммаро муайян мекунад. Онҳо имкониятҳои амалан номаҳдуд барои пешбурди сиёсати иттилоотию равонӣ ва иттилоотию имиҷии давлатро доранд.
Вазифаи асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ нисбат ба воситаҳои ахбори омма татбиқи ҳамон чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие мебошад, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд.
Таҳия ва татбиқи шаклҳо ва усулҳои муосири кор бо воситаҳои ахбори омма ба рушду такомул ва интишори арзишҳои маънавӣ, ки ба манфиатҳо ва анъанаҳои фарҳангию таърихии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў мебошанд, мусоидат менамоянд. Воситаҳои ахбори омма бояд ба баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии тоҷикистониён мусоидат кунанд.
Барои ҳалли ин масъалаҳо ҳимояи давлатии воситаҳои ахбори омма аз аҳамияти усулӣ бархурдор аст ва ба онҳо имконият медиҳад, ки фишанги воқеии ташкили муносибатҳо байни аҳолӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, инъикосгари манфиатҳои давлат ва соҳибкорӣ, рушди фарҳанг ва воситаи гуфтугўи байни онҳо бошанд.
Дар самти таъмини сиёсати иттилоотӣ дар бахши матбуот ва воситаҳои ахбори омма давлат вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- пешгирии тобеъ гардонидани воситаҳои ахбори омма ба манфиатҳои вазъии ҳокимият, соҳибкорӣ ва гурўҳи шахсон, инчунин таъмини воситаҳои ахбори омма бо иттилооти ноқис, номуайян, нодуруст, дурўғин ё фиреби маҳз, пешгирии пурзўр шудани таъсироти вазъи ба воситаҳои ахбори омма;
- роҳ надодан ба инҳисоришавии воситаҳои ахбори омма, назорат аз болои таҷаммўъи моликият дар воситаҳои ахбори омма;
- такомули қонунгузорӣ дар самти кафолати озодӣ ва масъулият, интишори озоди иттилооти оммавӣ, роҳ надодан ба таблиғи зўроварӣ ва таҳаммулнопазирӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, таъмини гуногунандешӣ дар воситахои ахбори омма, дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, самтдиҳии воситаҳои ахбори омма ба усули бунёдии сиёсати иттилоотӣ;
- роҳ надодан ба табдили воситаҳои ахбори омма ба олати истифодаи ғаразноки технологияҳои таъсири иттилоотӣ ба аҳолӣ, барномакунонии муҷадади одам, фосиқшавии маънавӣ ва фасоди ахлоқии он, пешгирии найрангбозии иттилоотӣ, ки эҳсосоти тангназарона, нигилистӣ, инқироз ва дигар эҳсосоти барои тоҷикистониён ғайри қобили қабулро ташаккул медиҳад;
- муқовимат ва бартарафсозии ҳамла ва ғасби иттилоотию равонӣ ва иттилотию фарҳангӣ ва дигар амалҳои таҳдидовар;
- фароҳам овардани шароити ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва технологӣ барои аз ҷониби воситаҳои ахбори омма самаранок иҷро шудани вазифаи расондани иттилооти объективӣ ба аҳолӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ ва давлат;
- танзими ҳуқуқии ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи иттилоотӣ;
- андешидани чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шахсиятро таъмин менамоянд;
- ҳалли масъалаҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, мавқеъгирӣ нисбат ба воситаҳои ахбори оммаи ғайридавлатӣ;
- тасҳеҳи ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда дар соҳаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма мутавофиқан бо шароити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии тағйирёбанда;
- риояи қатъии меъёрҳои луғавии забони давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма, роҳ надодан ба вайронкунии онҳо, талқини эҳтироми онҳо.
Бо назардошти густариши рўзафзуни шабакаҳои компютерӣ, аз ҷумла Интернет, таъсири маводи шабакавӣ ба афкор ва шуури омма, истифодаи самараноки ҳамин фазои иттилоотӣ ба унсури муҳими сиёсати иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил мегардад. Дар ин самт сиёсати иттилоотӣ ба ҳалли вазифаҳои зерин равона карда мешавад:
- ҳавасмандкунии ташкил ва рушди шабакаҳои корпоративии миллӣ ва системаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла фаъолияти он провайдерҳое, ки дастрасии интернетро таъмин намуда, ба истифодабарандагон аз ҷомеаи табақаҳои эҳтиёҷманди аҳоли имтиёзҳо медиҳанд;
- таҳияи сиёсати давлатӣ оид ба тавсеаи домени .tj;
- дастгирии технологияҳои интернетӣ ва соҳибкорӣ дар қисми тоҷикистонии Интернет;
- густариши ҳузури интернетии мақомоти давлатӣ аз тариқи истифодаи шаклҳои шабакавии гуногун (сомонаҳо, порталҳо, блогҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғ.);
- таъмини ташкили иртиботи мутақобил бо аҳолӣ, таъсис ва рушди бахши тоҷикистонии Интернет барои хизматрасонии электронӣ ба аҳолӣ;
- такомул ва рушди низоми қонунгузории иттилоотӣ ва фишингҳои амалисозии он, ҳимояи моликияти зеҳнӣ дар соҳаи иттилоотӣ.

Сиёсати иттилоотӣ ҳамчунин бояд захираҳои системаҳои иттилоотии дигарро истифода барад. Барои татбиқи дурусти сиёсати иттилоотӣ омилҳои зерин муҳиманд:
- тақсими ваколатҳо дар бобати соҳибикунӣ ва дар ихтиёр доштани захираҳои иттилоотии давлатӣ дар байни мақомоти маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ;
- таҳия ва такомули таъминоти меъёрию ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва ташкилии низоми идоракунии захираҳои иттилоотӣ ва фишангҳои татбиқи он;
- сохтани феҳрасти давлатии хизматрасониҳои давлатие, ки тавассути воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва василаҳои барномавии махсусгардондашудаи якхеласохти дохилиидоравӣ расонда мешаванд;
- дастгирии давлатии инфраструктураҳои истеҳсол ва вогузорандаи маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ ба аҳолӣ;
- қабули меъёрҳои ягонаи мақбули нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди иттилоот ва заминаи амалиётии мустақили ягонаи таъминоти барномавӣ;
- харидории системаҳои иттилоотию таҳлилии мувофиқ ва мутобиқгардонии онҳо дар бахши ҷамъоварӣ ва интишори иттилооти илмию техникӣ ва илмию оммавӣ;
- дастгирии давлатии молиявии таъсис ва такмили захираҳои иттилотии маърифатию фарҳангии дастраси умумӣ ва технологияи дастрасӣ ба онҳо (манбаъ ва бонкҳои иттилоотӣ, бойгониҳо ва китобхонаҳои электронӣ ва ғ.), иттилоотикунонии муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ, идораҳои матбуоти даврӣ, нашриётҳо, ба таври васеъ ҷорӣ намудани воситаҳои полиграфии электронӣ ба амалияи табъу нашр;
- ташкили шабакахо ва марказҳои маърифатии махсусгардонидаи дорои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир (барномаҳои таълимии компютерӣ, телевизиони кабелӣ ва моҳворавӣ, таҷҳизоти мултимедиавӣ ва ғ.), истифодаи имкониятҳои телевизион барои ташкили барномаҳои омўзишӣ, пахши махсусгардонида, ташкили шабакаи васеи марказҳои фарҳангию иттилоотӣ ва иттилоотию фароғатӣ дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ташаккул ва рушди фазои иттилоотӣ;
- низоми мониторинги ҳолат ва фаъолияти инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки татбиқи муқаррароти асосии Консепсияро таъмин менамоянд;
- ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба рушди инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- суръат бахшидан ва ба анҷом расондани ташкили ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар амалияи мақомоти ҳокимият истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир, дастрасии шахрвандон ба иттилоотӣ расмии мўътамад, имкониятҳои нав барои ҳамкории мақомоти ҳокимият бо ҳамдигар, аҳолӣ, соҳибкорӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатиро таъмин менамояд.


СИЁСАТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ШАРОИТИ
ЭКСПАНСИЯИ ИТТИЛООТӢ


Дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрўза номувофиқатӣ ва ҳатто муқовимати манфиатҳо дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла дар соҳаи иттилоот аз эҳтимол дур нест. Ихилофи манфиатҳо дар ин соҳа тез-тез дар шакли тазодди (муборизаи) иттилоотӣ инъикос мегардад, ки он шаклҳои таҳдидро касб менамояд. Таҳдиди иттилоотӣ, ҳамчун амали тарҳрезишуда, аз истифодаи ҳадафноки восита ва усулҳои махсус барои таъсир ба захираҳои иттилоотӣ ва ҳимояи захираҳои иттилоотии худӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ё тактикии худ иборат аст.
Фаъолиятҳои иттилоотии ҳадафноки берунӣ ва ё дохила ва тадбирҳои хусусияти экспансионидошта метавонанд барои манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатарнок бошанд. Ин ҳолатҳоро метавон ҳамчун вазъияти махсус арзёбӣ намуд ва онҳо бояд зимни татбиқи Консепсия ба инобат гирифта шаванд. Шароити иттилоотии махсус дар иншооту ниҳодҳои иттилоотӣ метавонанд ҳангоми зуҳури хатари беруна, экспансияи иттилоотӣ, ҳамчунин ҳангоми офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда, амалҳои террористӣ, вазъиятҳои барои ҷамъият хатарзо ва ғ. зуҳур кунанд. Чунин вазъият эҳтимолан вобаста ба ошкор будани иттилооти густаришёбанда дар ҷомеа, ки бо сабаби афзоиши сатҳи ошкор будани захираҳои давлатии иттилоотӣ, ки дар натиҷаи рушди ниҳодҳои демократӣ пайдо мешаванд, зуҳур кунанд. Ба як андоза иттилооти ошкори беҳудуди низоми идоракунии давлат метавонад боиси таҳриби устувории он ва қисман аз даст додани идораи вазъият гардад, ки он дар шароити рў ба рушд надоштани технолгоияҳои иттилоотию идоракунӣ, мумкин аст, сабаби бесарусомонҳо гардад. Дар маҷмўъ ин ҳама боиси аз даст рафтани назорат аз болои низом ва гузариши он ба хориҷа мегардад.
Ҳангоми татбиқи Консепсия бояд хусусиятҳои идоракунии иттилоотӣ дар вазъияти махсус ба хотири пешгирии ҳамин гуна тахдидҳо ба инобат гирифта шаванд. Дар идоракунии иттилоотии давлат идоракунии иттилоот дар вазъияти махсус нақши аз лиҳози стратегӣ муҳимро мебозад. Сиёсати давлатии иттилоотӣ дар бахши идоракунии иттилоот дар вазъияти махсус бояд сиёсати махсуси таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои иттилоотиро дар бар гирад, ки вазифаҳои зерин вогузор хоҳад гардид:
- таъмини бе осеб нигоҳ доштани системаю захираҳои давлатии иттилоотӣ, инчунин воситаҳое, ки фаъолият ва ҳамкории тарафайни аҳолӣ ва ташкилотҳоро таъмин менамояд;
- таҳияи дастуруламалҳое, ки низоми нигоҳдории иттилооти давлатиро дар вазъияти махсус танзим менамоянд;
- мунтазам гузарондани санҷишу тамринҳо бо шабоҳати вазъияти махсус;
- ташкили низоми иттилоърасонӣ ва нигоҳдории он дар минтақаҳои вазъияти махсус;
- ташкил ва тақвияти ҳузури телевизион ва радиои ватанӣ дар минтакаҳои наздисарҳадие, ки он ҷо таъсири иттилоотии мақсаднок ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба чашм мерасад;
- муҳайё сохтани заминаҳои меъёрию техникие, ки маводи иттилоотии намунавӣ барои фаъолияти зудамал ва пурмаҳсул дар вазъияти махсусро доро бошанд;
- омўзиш ва таҳлили таҷрибаи ҷаҳонии сиёсати иттилоотӣ дар вазъияти махсус;
- баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии амнияти аҳолӣ;
- танзими ҷараёнҳои иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори омма ва равандҳои коммуникатсияи оммавӣ;
- маҳдудкунии таносуби реклама ва мўҳтавои асосӣ дар ноқилони иттилоотӣ (рўзномаҳо, маҷаллаҳо, фазои интернетӣ ва ғ.).
Бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аксуламал ба таҷовузҳои иттилоотӣ-равонӣ ва амалиёти таъсири иттилоотию равонидошта андешидани чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- ташаккули сиёсати иттилоттии ҳамоҳангшудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- мустақиман расондани иттилооти аҳамияти ҷамъиятидошта ба аҳолӣ тавассути шабакаҳои васоити ахбори омма бо мақсади баланд бардоштани эътимодӣ аҳолӣ ба ҳокимият ва пешгирии найрангбозиҳо бо афкори омма нисбат ба ҳокимият аз тариқи воситаҳои ахбори оммаи ғайридавлатӣ ё васоити дигари иттилоот;
- мутобиқсозии Консепсияи мазкур, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар шароити таъсири рўзафзун ва баъзан пешгўинашавандаи омилҳои муосири рақобати геополитикӣ, ҷаҳонишавӣ ва шаклҳои шадиди муқовимати иттилоотӣ.
Бо назардошти сатҳи баланди диндории аҳолии Тоҷикистон бояд бозори иттилоотии дохилӣ аз маҳсулоти чопӣ, видео ва аудиои экстремистӣ ва пастғоя, ки зўроварӣ, тундравӣ, таассуб, эҳсосоти инқирозӣ ва дигар зуҳуроти ба афкори аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегонаро талқин мекунад, ба ҷудоиандозии ҷомеа аз рўйи мансубияти миллӣ, мазҳабӣ ё аломатҳои дигар равона карда мешавад, озод ва ҳимоя гардад.
Бозори иттилоотии ватанӣ ҳамчунин бояд аз воридоти ҳадафманди маҳсулоти чопии пастсифат, аз ҷумла порнография ё ба истилоҳ эротика, ки барои рукнҳои маънавию мафкуравии ҷомеаи Тоҷикистон хатарнок мебошанд, ҳимоя шавад.


ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ
АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

Сиёсати иттилоотӣ бо сиёсати давлатии иттилоотии таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми амнияти иттилоотӣ, ки Консепсияи амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, зич алоқаманд аст.
Низоми амнияти иттилоотӣ ба таъмини нигоҳ доштани сирри давлатӣ ва асрори дигар, ҳимояи захироти иттилоотӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ аз таъсири иттилоотие, ки барои амнияти давлатӣ хатарнок мебошанд, равона карда мешавад.
Проблемаҳои вобаста ба имкониятҳои истифодаи воситаҳои иттилоотию равонии таъсиррасонӣ, ки он ҷанбаи таҳдидҳои муҳтамал ба амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад, таваҷҷўҳи махсусро касб менамояд. Масъалаи ҷиддие, ки таҳлили амиқ ва таваҷўҳи доимиро тақозо дорад, ҳимояи иттилоотӣ дар робита бо ҷоришавии мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ тавассути шабакаҳои байниминтақавӣ ва глобалӣ аст.
Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ ва таъмини амнияти захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсиониро пешбинӣ мекунад.
Татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ дар доираи иштироки самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои кушодаи глобалӣ дар назар дорад:
- ташкили мониторинг ва пешгўии талаботҳои мухталиф, мубодилаи иттилоотӣ тавассути шабакаҳои байналмилалӣ;
- тахияи усул ва тавсияҳои умумӣ оид ба пешбурди сиёсати мувофиқатшуда ҷиҳати харидории воситаҳои барномавию техникӣ ва коммуникатсионии хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои аҳамияти стратегидошта;
- танзими ҳуқуқии равандҳои мубодилаи иттилоотӣ тавассути шабакаҳои кушодаи глобалӣ, инчунин ҳуқуқ, ўҳдадориҳо ва масъулияти истифодабарандагон ва феҳристи иттилоот, ки интиқоли он тавассути ин шабакаҳо манъ аст;
- иштироки фаъол дар лоиҳаҳои инкишофи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- воридшавии тадриҷӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ аз рўйи ниёзҳо ба мубодилаи байналмилалии технологияҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотӣ;
- таъмин ва риояи сатҳи матлуби амнияти иттилоотӣ зимни пайвастан ба шабакаҳои байналмилалӣ;
- таҳияи фишангҳои мубодилаи иттилоотӣ дар муҳити имкониятҳои эълоннашудаи воситаҳои компютерӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномавӣ;
- такомул ва рушди низоми амнияти шахсӣ ва иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ, бартарафсозии амалу тадбирҳои иттилоотии хатарфизо.
Татбиқи сиёсати иттилоотии мақсаднок имкон медиҳад ки мамлакат аз экспансияи иттилоотӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мўҳтамали кишварҳои мутараққӣ ҳимоя гардад ва ҳамчунин:
- вазифаи воридшавии шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии миллӣ ва корпоративӣ ба шабакаҳои кушодаи ҷаҳонӣ бо назардошти ҳимояи захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотӣ ҳаллу фасл шавад;
- таҳдиди истифодаи технологияҳои иттилоотии нав ба ҳайси силоҳи иттилоотӣ ва хатари терроризми иттилоотӣ пешгирӣ шавад.


СИЁСАТИ ИТТИЛООТИЮ ИМИҶИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар шароити кунунии рушди ҷаҳонӣ технологияҳои иттилоотӣ беш аз пеш ва амиқан ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг нуфуз намуда, ба ташаккули шахсият, тарзи зиндагӣ, низоми муносибатҳои байниафрод таъсир мерасонанд. Иттилоот ба захираи муҳими стратегии ҷомеа табдил меёбад ва бад-ин сабаб сифати ҳаёт, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, низоми маориф аз рўи сатҳ ва такомули истифодаи захироти иттилоотӣ муайян карда мешавад.
Дар чунин шароит имиҷи давлат ҳамчун унсури муҳими сиёсати давлатии иттилоотӣ, ки ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъсир мерасонад, ба технологияҳои иттилоотӣ бештар вобаста аст.
Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, пешбурд ва дастгирии сиёсати иттилоотию имиҷии давлатро пешбинӣ мекунад. Имиҷи давлат аз фаъолияти мураттаб ва муназзам, ки талошу нерўи васоити ахбори омма, аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи илмӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои тиҷоратиро ҳидоят ва муттаҳид месозад, иборат аст.
Таъсирноктарин ва босамартарин воситаи сохтани имиҷ ва таъминоти он матбуот ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Матбуоти даврӣ, радио, телевизион, захираҳои фазои интернетӣ дар маҷмўъ муҳимтарин ниҳоди ичтимоӣ буда, бо сабаби оммавӣ будан, теъдоди зиёди нашр, мудовимот ва афзоиш дорои имкониятҳои васеъ ва қудрати таъсир ба ташаккули афкор ва шуури омма маҳсуб меёбанд. Аз ин рў, ин ниҳод бояд фишанги асосии ттатбиқи сиёсати иттилоотию имиҷии давлат бошад.
Барои татбиқи сиёсати давлатии иттилоотию имиҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чораҳои зерин андешида шавад:
- бо дастгирии давлат таъсиси рўзномаи оммавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ, русӣ, қирғизӣ ва забонҳои дигар, бо нархи дастрас, ки он ба таври рамзи муайян ва ҳимоя карда мешавад;
- истифодаи густурдаи имкониятҳои мубодилавии шабакаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ барои тавсеаи фазои иттилоотӣ;
- дар шабакаҳои глобалӣ ва минтақавӣ ташкили ҳузури он-лайн, конфронсҳои аудио ва видеои интернетӣ, омўзиши афкори омма, нашри мавод;
- таъмини дастрасии воситаҳои ахбори омма барои шаҳрвандон аз тариқи интишори рўзномаҳои пуриттилоъ ва хушсифат аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ ва арзон кардани хизматрасонии почта;
- таҳия ва такомули воситаҳои эҷод ва муаррифии имиҷ, яъне маҷмўи технологияҳои рекламавӣ, сиёсӣ ва PR оид ба коркарди консепсияи сиёсати иттилоотию имиҷӣ барои хориҷиён бо назардошти хусусият ва навъҳои фарҳангҳои миллӣ.


ХУЛОСА


Дар марҳилаи кунунӣ иттилоот яке аз нерўҳои истеҳсолии асосӣ ва манбаи ҳаётан муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон захираю низомҳои иттилоотии худиро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ва эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд истифода мебарад.
Тоҷикистон стратегияи худро дар бобати гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ бо назардошти воқеиятҳои мавҷуда бунёд мекунанд.
Дар муқоиса бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт рушди телекоммуникатсия дар Тоҷикистон бо суръати баланд идома дорад ва ин имкон медиҳад, ки ба ташаккули бобарори инфрастрктураи хизматрасониҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба аҳолӣ итминон намоем.
Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ ба ҳимояи иттилоотии самтҳои афзалиятноки стратегии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика (гидроэнергетика), саноати кўҳӣ ва бахши аграрӣ равона карда мешавад.
Бо назардошти аҳамияти бузурги воситаҳои ахбори омма дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа ва афзоиши таъсири онҳо ба афкори аҳли ҷамъият Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ дахолати бевоситаи давлатро ба танзими фаъолияти матбуот, радио ва телевизион тавассути татбиқи ҳамин Консепсия ва дар доираи Конститутсия пешбинӣ мекунад.
Дар соҳаи сиёсат нисбат ба воситаҳои ахбори омма давлат бояд кафолатҳои озодии сухан ва иттилоот, инчунин дастрасии озоди шаҳрвандон ба иттилооти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро таъмин намояд.
Татбиқи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои навро ба мақомоти ҳокимиятӣ давлатӣ ва идоракунӣ ва дар ҷиҳати иттилоотдиҳӣ ба аҳолӣ оид ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, марказҳои матбуотӣ, марказҳои робитаҳои ҷамъиятӣ ва ғ. фароҳам хоҳад намуд.
Таҳия ва такмили пайвастаи қонунгузорӣ, фишангҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии танзими муассири муносибатҳои ҳамаи субъектҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар зимни татбиқи ҳуқуқи иттилоотии онҳо ва ташкили низоми назорати мустақил ва ошкоро аз болои фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, ниҳодҳо, марказҳо ва хадамоти омўзиши афкори омма ва робита бо аҳолиро таъмин менамояд. Аз ин рў, масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар соҳаи иттилоот ва ҳимояи ҷомеа ва шаҳрвандон аз таҳдидҳои вобаста бо эҳтимоли истифодаи технологияҳои иттилоотии навин аҳамияти аввалиндарҷа касб менамояд.
Барои ҳадафҳои ҳамин консепсия дар марҳилаи кунунии татбиқи сиёсати иттилоотии давлат истифодаи вазифаҳои коммуникативӣ, иҷтимоӣ ва геополитикии фазои иттилоотӣ хеле муҳим аст. Коммуникативӣ будан тавассути иртиботи фаромарзӣ, мубодилавӣ ва мобилии субъектҳои гуногуни фаъолият муҳити мубодилаи иттилоотиро фароҳам меоварад. Иҷтимоӣ будан ҳайати ҷомеаро тағйири шакл дода, бад-ин васила хислат ва мўҳтавои муносибатҳои чамъиятиро дигаргун месозад. Вазифаи геополитикии фазои иттилоотӣ аз тариқи сохтани захираҳои иттилоотӣ аҳамияти захираҳои дигар (табиӣ, инсонӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, соҳибкорӣ)-ро тағйир дода, фазои нави муносибатҳои геополитикиро эҷод мекунад.
Татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотию фарҳангиро ҳамчун шарти зарурии ваҳдати сиёсӣ ва маънавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вуруди кишварро ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ таъмин менамояд.