Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар
Нашр шуд. Чор, 16/08/2017 - 09:22
Дар чаҳорчӯби боздиди корӣ аз ноҳияи Бохтар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст иштирок варзиданд.
Хонандагони ин мактаб бо нишони арҷгузорӣ ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Хабар дода шуд, ки муассисаи мазкур тибқи нақшаи тарҳрезигардида барои 660 ҷойи нишаст бо назардошти 27 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннӣ, кабинети инкишофи кӯдак, утоқ барои директор ва муаллимон, қабулгоҳ, муҳосибот, утоқи ҳамшираи шафқат, се кабинет барои омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ, синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ бунёд ёфтааст. Инчунин сохтмони толори варзишӣ бо 183 ҷойи нишаст, корти теннис, толори маҷлисгоҳ бо 204 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар, китобхона бо 32 ҷойи нишаст, иншооти ёрирасони муассисаи зикршуда сифатан хуб ба анҷом расонида шудааст.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат бо хонандагону омӯзгорон суҳбати гарму самимӣ доир карда, муҳассилинро ба омӯзиши густурдаи илмҳои замонавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари лоиҳаи мазкур Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои лоиҳакашӣ, сохтмониву васлгарӣ ва таъмин намудани мебелу таҷҳизоти мактабиро ширкатҳои ватании ҶДММ «Панасия ЛТД», ҶДММ «Сари Хосор», ҶДММ «Нузам» ва ҶДММ «Арт Медиа» ба анҷом расониданд. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд сурат гирифтааст.
Ба иттилои бошандагони атроф, бинои кӯҳнаи мактаби рақами 14 ҳанӯз солҳои 50-60 асри гузашта сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Зимнан теъдоди хонандагон дар муассисаи мазкур сол аз сол зиёд гардида, шумораи онҳо ба 2000 нафар расида, танқисии ҷойи нишаст пеш омада буд. Бо назардошти вазъи бамиёномада, лоиҳаи мактаб аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» тарҳрезӣ гардида, аввали соли 2016 корҳои сохтмониву васлгарӣ оғоз шуданд.
Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 аз чор қисмат иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини мактаб 2,33 гектарро дар бар мегирад.
Маблағи умумии корҳои сохтмониву васлгарӣ бо назардошти фондҳои асосӣ, аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мебелу таҷҳизот қариб 16 миллион сомониро ташкил дод.
Буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон сохта шуда, аз деги буғӣ иборат мебошад, ки дар фасли зимистон имкон дорад тамоми утоқҳои биноро тавассути ангишт гарм нигоҳ дорад.
Таъкид гардид, ки сатҳ ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия назар ба солҳои пешин беҳтар шуда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок ва соҳиби 66 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 9 медали тилло, 8 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ гардидаанд. Инчунин хонандагони ноҳияи Бохтар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ва анҷом додани суҳбатҳои созанда бо хонандагону муаллимони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, дар саҳни мактаб дар ҳузури намояндагони сершумори маорифчиён ва фаъолони ноҳияи Бохтар сухаронӣ карда, ба масоили беҳдошти сифати таълиму тадрис, тарбияи наслҳои имрӯза дар рӯҳияи илмомӯзиву ватандӯстӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва дигар масъалаҳои дархӯри рӯз таваҷҷуҳ зоҳир карданд.