Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзони ноҳияи Бохтар нисбат ба ноҳияҳои дигар барои фурӯши маҳсулот шароити хуб доранд»
Саҳми ноҳияи Бохтар ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзиву саноатии вилояти Хатлон дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле арзишманд мебошад. Ин нукта имрӯз зимни суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таъкид гардид.
Сарвари давлат ҳамчунин иброз доштанд, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 880 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2015-ум 24 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ низ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11 фоизро ташкил кардааст.
«Масъалаи беҳтар гардонидани таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия, аз ҷумла бо техникаи зарурӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бинобар ин, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ба хоҷагии деҳқонии ноҳия 76 адад техникаву мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шудааст. Вале бо вуҷуди ин, соли ҷорӣ майдони кишти баъзе зироатҳо, аз ҷумла пахта ва картошка хеле кам гардидааст.
Чунин вазъ бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва имкониятҳои мавҷудаи соҳа қобили қабул буда наметавонад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаштуним ҳазор тонна ё 47 фоиз кам шудааст. Хотирнишон месозам, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар навъҳои сабзавот низ чандон назаррас нест»,-бо нигаронӣ баён доштанд Президенти мамлакат.
Зикр гардид, ки кишоварзони ноҳияи Бохтар нисбат ба ноҳияҳои дигар барои фурӯши маҳсулот шароити хуб доранд, чунки ноҳияи Бохтар ба маркази вилоят хеле наздик ҷой гирифтааст.
Пешвои миллат ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш доданд, ки ҷиҳати истифодаи тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зиёд намудани майдони кишти асосӣ ва такрорӣ, истифодаи самараноки замин ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
«Имкониятҳои зиёди ноҳия, ҳамчунин барои ривоҷ додани боғдорӣ то ҳол пурра истифода нашудаанд.
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати афзоиш додани кишти сабзавот, аз ҷумла картошка, рӯёнидани се-чор ҳосил дар як сол, парвариши меваҳои ситрусӣ, зиёд кардани майдони гармхонаҳо ва ташкили сардхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд»,-таъкид карданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
АМИТ"ХОВАР"