Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Бо камоли ифтихору самимият тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр – шаҳри Душанбе ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон — бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.
Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт.
Дар зарфи бисту шаш сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем.
Дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро татбиқ намуда, барои рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардем, дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намудем.
Соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои аввали он барои мардуми мо марҳалаи бисёр вазнин ва озмоишҳои сангин буданд.
Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи Истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ мо на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштем.
Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки то имрӯз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.
Гузашта аз ин, истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар хотирнишон месозам, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои ҳифзу нигоҳдории давлати навини тоҷикон, пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузоштанд.
Ман ҳамчун Роҳбари давлат ҳамеша бо чунин халқи заҳматкашу сарбаланд ифтихор мекунам ва дар ин лаҳзаҳои пурҷалоли ҷашнӣ ба халқи азизам сипоси самимии хешро изҳор менамоям.
Ҳамватанони гиромӣ!
Бисту шаш соли даврони истиқлолият дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир фосилаи чандон тӯлонӣ нест.
Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, мо тавонистем бо такя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорем.
Дар тӯли солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имкониятҳо сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд.
Бо дарназардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани дастовардҳои истиқлолият аз наврасону ҷавонони имрӯза вобаста мебошад, мо таълиму тарбияи шоистаи насли наврасро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат эълон кардаем.
Чунки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст.
Маҳз бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала мо соли 2017-ро дар мамлакат “Соли ҷавонон” эълон кардем.
Ман ҳамеша ба ақлу заковат, нерӯи созанда ва ҳисси миллии ҷавонони саодатманду ватанпарвар ва бонангу номуси кишвар, яъне фарзандони даврони истиқлол бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои истиқлолият чун сипари боэътимод хизмат мекунанд.
Ҳамватанони азиз!
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад.
Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ороми сайёра аз байн рафтааст.
Тоҷикистони мо аз лиҳози ҷуғрофӣ ва бо дарназардошти вазъи минтақа дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳо қарор гирифтааст.
Бо дарназардошти чунин вазъи ноорому хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмин намудани рушду инкишофи давлату миллатамон вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишвар мебошад.
Барои ҳалли ин вазифаҳо зарур аст, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи давлату Ҳукумати мамлакат фаъолона ширкат намоянд.
Бисёр муҳим аст, ки ҳар як сокини мамлакат қимату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро амиқан дарк намояд ва аз имконияте, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, пурсамар истифода барад.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем.
Хотирнишон месозам, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем.
Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳи идона бори дигар кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому осуда ва барору комёбӣ орзумандам.
Бигзор, сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон ва Истиқлолияти миллати фарҳангсолорамон ҷовидону бегазанд бошад!
Бигзор, нури хуршеди истиқлолият то абад равшангари ҳаёти ҷомеаи мо гардад!
Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу кушоишҳо оварад!
Ҷашни Истиқлолият ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!