Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинону ноҳияи Дарвоз
Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ва риояи суннати хоси меҳмоннавозӣ ба мардуми ҷамъомада изҳори сипос намуда, ба ҳамаи онҳо ҳамчунин барои ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои арзанда доданд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати пешрафти ноҳия ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2015-2019 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 217 лоиҳа ба маблағи 197 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад. Танҳо дар ду соли охир аз буҷети давлатӣ барои таъмин намудани фаъолияти бомароми соҳаҳои гуногуни ноҳия қариб 70 миллион сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда боз зиёда аз 85 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти роҳсозӣ, пешрафти соҳаи энергетикаю саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, илму маориф, фарҳанг, сайёҳию инфрасохтори он, истихроҷу коркарди маъдан ва сангҳои қимматбаҳо, рушди бахши тандурустӣ ва ғайра, ки баҳри беҳдошти шароити зиндагии мардуми ин минтақа равона гардидааст, андешаронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки соли ҷорӣ ҳангоми фаромадани сел маҷрои дарёи Панҷ баста шуда, ба манзилҳои зисти сокинони деҳоти Хоставу Ширговат ва инфрасохтори роҳ хисороти калон расида, 1200 метри роҳи байналмилалӣ зери об монд. Вале бо андешидани тадбирҳои фаврӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар оқибати офати табиӣ дар муддати хеле кӯтоҳ бартараф гардида, имрӯз 21 оилае, ки манзили зисташон хароб шуда буд, дар мавзеи Яхчисор бо хонаҳои навбунёд таъмин гардиданд ва ҳаракати мунтазами нақлиёт низ ба роҳ монда шуд.
Дар охири суханронии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ бобати ислоҳи баъзе камбудиҳо, ки барои пешравии бахшҳо монеа эҷод мекунанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, вобаста ба дастовардҳои замони муосир, мукаммал кардани қонунҳои миллии кишвар, талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии воқеан шоиста андешаронӣ карданд. Онҳо ба Президенти мамлакат барои ҳамаи тадбирҳои созанда ва ғамхориҳои башардӯстона изҳори сипос намуданд.