Пойдории давлат аз ваҳдату ҳамдилӣ аст ( Назаре чанд оид ба суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Нашр шуд. Ҷум, 15/11/2024 - 09:40Гузашти марҳилаҳои начандон дури се даҳсолаи давлатдории навини мо бо қабули санади муҳимму тақдирсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки самараи возеҳи амну суботи кишвар ва давра ба давра рушду инкишофи он, аз интихобу назари дурбинонаи фарзанди маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Зеро дар шароити набуди поя ва заминаҳои асосии давлатдорӣ бунёди як кишвари ободу пойдор корест хеле мушкилу тасаввурнопазир.