Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда
ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония
озод намудани Ҷалолов М.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷалолов Мирзошариф Асомуддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 майи соли 2024
№813

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
озод намудани Соҳибзода Х.С.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд.

Сарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамоҳангии наздики сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамзамон муҳим будани тақвияти минбаъдаи ҳамкории онҳоро таъкид намуданд.

Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр якдилона қабул намуд

2 май  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудан

Страницы