Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзолбарорӣ оғоз бахшиданд
Нашр шуд. Пан, 31/10/2024 - 09:0326 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ-и «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ бо ҳадафи таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, дар он 25 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд.
Дар ин корхона тавассути хатҳои нави технологӣ, истеҳсоли 2 намуди пойафзоли мавсимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор талаботи зиёд доранд.
Корхонаи мазкур дар як сол имкон дорад то 366 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардона, занона ва кудаконаро бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол намояд.