«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмун ҷамъбаст карда шуд
Нашр шуд. Чор, 29/03/2023 - 09:50Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.